UEFA:Ҷоми Аврупо 2012 муваффақияти бузург аст

ЛАҳзаи қуваозмоии ниҳоии Ҷоми Аврупо дар варзишгоҳи Киев

Иттиҳодияи футболи Аврупо UEFA мегӯяд, фурӯши билет ва зиёрати ҳаводорони футбол боиси “муваффақияти бузург”-и Ҷоми имсолаи футболи Аврупо-Euro 2012 шудааст. Намояндаи Иттиҳодияи футболи Аврупо Мартин Каллен изҳор намуд, ки барои аввалин бор дар таърих тамоми билетҳои Ҷоми Аврупо фурӯхта шуданд. Ӯ афзуд, 15-уми июн дар бозии Англия бар зидди Шветсия беш аз ҳама- 64640 бинанда дар варзишгоҳ ҳузур доштанд. Мизбонии Euro 2012-ро Украина ва Полша ё худ Лаҳистон бар дӯш доштанд.