Қирғистону Тоҷикистон нархи иҷораро боло мебаранд?

Тоҷикистону Қирғизистон эълон кардаанд, ки нархи иҷораи пойгоҳҳои низомии Русия дар қаламрави кишварҳои худро боло мебаранд. Талайбек Омуралиев-вазири дифои Қирғизистон ба нашрияи “Комерсант”-и Русия гуфтааст, ки Қирғизистон аз ҳисоби таварруми пул арзиши иҷораро поён ё боло мебарад.

Ҳоло Русия барои иҷора соле 4,5 миллион доллар ба Қирғизистон пардохт мекунад, вале ба ин пул Қирғизистон аз Русия молу коло мегирад ё донишҷӯёнаш дар Русия таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи Омуралиев, Тоҷикистон барои иҷора соле 250 миллион доллар хостааст. Дар Тоҷикистон 7 ҳазор низомиёни Русия мустақаранд.