Ёриҳои Русия ба Тоҷикистон аз тариқи Созмони Милал

Сафорати Русия дар Душанбе хабар додааст, ки имсол кишвараш сармоягузории Барномаи ҷаҳонии хорбор ё озуқа барои Тоҷикистонро бар дӯш гирифтааст. Ин сармояҳо барои ёриҳои башарӣ сарф мешавад. Мизони ин сармоягузорӣ 2 миллион доллар хоҳад буд ва Русия онро на чун кӯмак ба Тоҷикистон, балки чун саҳми худ дар ин барнома пардохт мекунад ва Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ онро барои Тоҷикистон истифода мекунад.