6 тундрави эҳтимолӣ дар шимоли Покистон кушта шуд

Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки як ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар манотиқи қабиланишини ин кишвар дар шимоли шарқ урдугоҳи тундравҳоро ҳадаф қарор додааст. Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, бо оташи ду мушак субҳи якшанбе 6 тандрави эҳтимолӣ ба қатл расидаанд. Ин урдугоҳ дар 50 километрии ҷануби ғарби Мироншоҳ дар Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст.