Марзукӣ: Истирдоди Ал-Маҳмудӣ иштибоҳ буд

Мунсиф Марзукӣ

Раисиҷумҳури Тунис Мунсиф Марзукӣ истирдоди Бағдодӣ ал-Маҳмудӣ, нахуствазири ахири замони қудрати Муаммар Қаззофӣ, ба Либияро ғайриқонунӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, тасмим дар бораи истирдоди Ал-Маҳмудӣ аз сӯи нахуствазир Ҳамадӣ Ҷабалӣ бидуни машварат бо раисиҷумҳур гирифта шудааст.

Вазорати дифои Либия хабар дод, ки Ал-Маҳмудӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст.

Бағдодӣ Ал-Маҳмудӣ охирин рӯзҳои қудрати Қаззофӣ ба Тунис фирор кард ва мехост аз он ҷо ба Алҷазоир равад. Аммо аз сӯи нерӯҳои амниятии Тунис бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуд.