НАТО масъалаи Туркия ва Сурияро баррасӣ мекунад

Ҳукумати Туркия нишасти изтирории паймони низомии НАТО-ро даъват кардааст, то ба гуфтаи он, рафтори “пархошҷӯёнаи” Сурияро баррасӣ кунанд, ки як ҳавопаймои ҷангии Туркияро дар фазои Баҳри Миёнзамин нобуд кард. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи якшанбе гуфт, ҳавопаймои “Шабаҳ” тасодуфан вориди қаламравии ҳавоии Сурия шудааст. Ӯ афзуд: "Ҳавопаймои ҷангандаи туркӣ, бо назардошти таҳаввулоти ахир дар соҳилҳои шарқии Баҳри Миёназамин барои озмоиши системаҳои радарии дохилӣ ба маъмурияти тамринӣ фиристода шуда буд. Маъмурияти он ҳеҷ робитае ба бӯҳрони феълӣ дар Сурия надошт." Ба гуфтаи Аҳмад Додудоғлу, ҳавопайморо чанд дақиқа баъд аз он заданд, ки қаламрави ҳавоии Сурияро тарк карда ба қаламравҳои байналмилалӣ баргашта буд. Ҳеҷ нишонае аз халабонҳои ҳавопаймо наёфтаанд. Мақомоти кишварҳои узви НАТО ин масъаларо рӯзи сешанбе баррасӣ мекардаанд.