Шумори андаке аз 25 000 нафар зан, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бева монданд, дубора издивоҷ карданд.
Аксарияти кулли заноне, ки дар ҷанги солҳои 1992-1997-ум шавҳарони худро аз даст доданд, дигар ба фикри шавҳаркунӣ наафтоданд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксарияти онҳо ҳанӯз ҷавон буданд.
Раъногул Маҳмадҷонова ҳамагӣ 30-сола буд, ки шавҳараш дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. Ӯ мегӯяд, дар як рӯз сиёҳбахт шуд, танҳо монда ва орзуҳояш барбод рафт. Вақте ба худ омад, ба ёдаш расид, ки чаҳор кӯдак бо чашмони зор ба ӯ менигаранд. Онҳо гурусна ва ташна буданд.
Чанде нагузашта хостгороне пайдо шуданд, аммо Раъногул фикри издивоҷро куллан ба дур афканда буд: "Гуфтам, бароям шавҳар лозим нест ва танҳо барои фарзандонам зиндагӣ мекунам." Вай онҳоро ба камол расонд. Ҳар кадом зиндагии мустақилона доранд ва писари хурдӣ ҳоло парастори модар шудааст. Раъногул мегӯяд, ҳаргиз пушаймон нест, ки ҳаёти худро қурбони фарзандон кард.
Зани дигар, Ҳанифа, акнун ба 25 даромада буд ва баъд аз кушта шудани шавҳараш дар соли 1992-юм бо се фарзанд монд. Ӯ мегӯяд, то имрӯз ҳатто нафароне, ки чандин сол аз вай хурдтаранд, барояш пешниҳоди издивоҷ кардаанд, вале хотираи шавҳари марҳумаш нагузошт, сари ин мавзӯъ фикр кунад. "Ман ҳар қадар дар ҷойи шавҳари шаҳидам марди дигареро мегузорам, ростӣ, виҷдонам қабул намекунад. Намедонам ин бинобар меҳру муҳаббати самимист, ки мо бо ҳам дар тӯли ҳашт соли ҳаёти оилавӣ доштем, ё зиндагии дугонаҳоям ҳаст, ки баъд аз ду ва ё се соли оиладорӣ ҷангу муноқишаҳо бо шавҳарашон оғоз мегардад, ба танҳо будан бартарӣ додам"-- мегӯяд Ҳанифа.
Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, барои зани тоҷик аз даст додани шавҳар фоҷиаи бузург аст ва танҳо теъдоди андаки онҳо ҳозиранд, зиндагии тозаро бо ҳамсафари нави ҳаёт оғоз намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 25 000 зан бешавҳар ва 55 000 кӯдак ятим монд.
Ҳуриннисо Ғаффорзода, таҳлилгар ва роҳбари созмони иҷтимоии "Оштии миллӣ", мегӯяд, дар солҳои баъд аз ҷанги Тоҷикистон ҳарҷу марҷе ҳоким буд, ки занон дигар фурсате барои андешаи издивоҷи дубора надоштанд ва ҳамсар ҳам пайдо намекарданд, чун мардҳо набуданд, қисме куштаву қисме гуреза: "Занҳо ба сарпарастони оилаҳо табдил ёфта буданд ва ин масъулияти сангине буд."
Ба гуфтаи хонум Ҳуриннисо аксари занони бешаваҳармонда аз 18 то 35 сол доштанд ва баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳар 9 зан 1 мард рост меомад. Ин нукта ҳам матраҳ мешавад, ки ҷомеаи суннатии тоҷикон издивоҷи дубораи занонеро, ки ду ё се фарзанд доранд, хуш намепазирад ва худи занҳо низ ин бардоштро доранд, ки дар сурати дубора шавҳар кардан, ба худхоҳӣ муттаҳам хоҳанд гашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз дидгоҳи дини мубини Ислом баъд аз як муддат дубора издивоҷ кардани чунин занон воҷиб дониста мешавад.
Рӯҳонии тоҷик Давлатшоҳ Қодиров мегӯяд, "новобаста ба он ки марди хонадон чӣ гуна фавтидааст, дар ҷанг кушта шудааст ва ё бо аҷал аз дунё гузаштааст, зан бо гузашти беш аз чаҳор моҳ барои шавҳар кардан ихтиёр дорад. Ислом ба чунин занҳо ҳеҷ мамоният пешбинӣ накардааст. Чаҳор моҳ интизор шудан ба хотири пок шудани раҳми зан аст."
Аммо ба назари Сайфиддин Расулов, равоншиноси тоҷик, ду омили аслие мавҷуд аст, ки аксаран занонро барои дубора оила сохтан таҳрик намедиҳад. Вай гуфт, номувозинатии шумораи занону мардон дар Тоҷикистон дар пайдо кардани номзади хубу арзанда барои занҳо монеа эҷод мекунад. Зеро ба таъкиди вай, занҳое, ки қаблан шавҳар доштанд, хоҳу нохоҳ номзадҳои навро бо ҳамсари пешин қиёс мекунанд ва хеле кам мешавад, ки ин занон нафари дигареро биписанданд.
Ба гуфтаи ин равоншиноси тоҷик, масъалаи дигаре, ки тобиши психологӣ дорад ва барои дуюмбора оиладор шудани ин занон монеъ мешавад, муносибати фарзандон ба ҳамсари нави модарашон аст. Сайфиддин Расулов афзуд, "ин занҳо дар он бора меандешанд, ки то куҷо фарзандон нафари навро ва он ҳам дар нақши падар хуб қабул хоҳанд кард? Оё ин амал наметавонад зиндагии бе ин ҳам талхи зани шавҳаргумкардаро боз ҳам талхтар кунад? Ҳамин тарс аксаран занонро аз дубора хонадор шудан бозмедорад. Зеро дар ин сурат онҳо дар дуроҳаи интихоб қарор мегиранд: ё шавҳар ва ё фарзанд. Ба хотири дар пешорӯи интихоб қарор нагирифтан занон аксаран аз бунёди оилаи нав худдорӣ мекунанд."
Ин аст, ки ба назари Расулов дар ин ҳолат занон талош мекунанд, худро комилан ба тарбияи фарзандон бахшанд. Ҳарчанд онҳо дарк мекунанд, ки набудани навозиши падарӣ холигоҳеро дар хусусиятҳои равонии фарзандон ба вуҷуд меорад, вале боз ҳам онҳо талош мекунанд, бо заҳматҳои сангини худ онро ҷуброн кунанд. Ба умеде, ки ҷавоби ин ҳама заҳматҳоро дар оянда аз фарзандонашон хоҳанд дид.
Дар ҳар сурат, Раъногул ва Ҳанифа, қаҳрамонҳои мо ва ҳазорҳо зани дигари тоҷик, ба хотири фарзандон, гиромидошти муҳаббати шавҳаронашон, мушкилоти мавҷуд дар ҷомеа ва ҳам зери таъсири пешдовариҳо худро қурбон карданд, ҳарчанд ба ин қурбониҳои ҷанг ҳайкали ёдгоре гузошта нашудааст.