Ҳукми додгоҳ дар мавриди нахуствазир Гелонӣ

Юсуф Ризо Гелонӣ

Додгоҳи Олии Покистон рӯзи сешанбе салоҳияти Юсуф Ризо Гелониро дар мақоми нахуствазири ин кишвар қатъ кард. Додгоҳ ба президент Осиф Алӣ Зардорӣ пешниҳод кардааст, барои тасвиб ба мақоми нахуствазирӣ номзадии каси дигарро ба порламон пешбарӣ кунад.

Моҳи апрел додгоҳ эътироф кард, ки нахуствазир Гелонӣ муҳокимаҳои одилонаи додгоҳро пешгирӣ кардааст ва барои чунин кор гунаҳгор дониста мешавад. Аз ҷумла Гелонӣ нагзоштааст, ки расидагӣ ба парвандаи президент Осиф Алӣ Зардорӣ барои ришвахориаш аз сар гирифта шавад.