Додгоҳи Русия дирӯз як узви ҳизби мухолифи Русияи дигарро бо ҷурми туф кардан ба акси президент Владимир Путин 15 рӯз ҳукми зиндон дод. Додгоҳ Дмитрий Каруеви 20-соларо дар “нақзи тартибот” ва “беэҳтиромии ошкор ба ҷомиа” дар ҷараёни эътирози рӯзи 6 май алайҳи бозгашти Путин ба қудрат муҷрим шинохт. Каруев, ки дар Чебоксарӣ боздошт шуд, мегӯяд, ба рӯи портрети Путин фақат атса зада, туф накардааст. Ин қазия маъракаи пуртанзеро таҳти унвони “Атса ба рӯи Путин” оғоз дод.