Ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматии Сурия ба шаҳри Растан

Дар манотиқи марказии Сурия нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла ба шаҳри Растан – такягоҳи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифро шурӯъ карданд. Дар бораи талафоти ҷонибҳо алҳол иттилое зери даст нест.

Дар дигар манотиқи кишвар, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар ҳамлаҳои ҷудогона дасти кам 7 нафар кушта шуданд. Ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.

Дипломатҳои эронӣ дар Димишқ дар бораи дар Сурия рабуда шудани се шаҳрванди Эрон – ронандаҳои мошинҳои боркаш хабар доданд. Як рӯз пеш дар канори шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли Сурия, 13 зойири шиамазҳаби лубнонӣ рабуда шуданд. Мақомоти Сурия дар одамрабоиҳо мухолифинро айбдор кардаанд.