Таҳқиқи 60 мавриди марги атфол дар Алма-Ато

Додситонии Қазоқистон мегӯяд, ба таҳқиқи муқаддамотии қазияи марги ҳудуди 60 тифли навзод дар як зоишгоҳи Алма-Ато шурӯъ кардааст, вале парвандаи ҷиноӣ дар ин замина ҳанӯз боз нашудааст. Ин силсилаи маргумир дар оғози сол рух дод ва фаъолияти бемористонро ҳоло то 6 июн мутаваққиф кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, дастикам 16 тифл мурда ба дунё омада, бақия ба илали мухталиф даргузаштаанд. Зоишгоҳи муҷрим дар моҳи ноябр барои модарони маризи қалб боз шуда буд.