Охирин талош барои ташкили кобинаи эътилофӣ

Раҳбарони сиёсии Юнон имрӯз бори охир барои ташкили ҳукумати эътилофие талош хоҳанд кард, ки барномаи номаҳбуби коҳиши хароҷот – як шарти тарҳи ИА ва Сандуқи байналмилалии пул барои наҷоти иқтисоди Юнон аз буҳронро бипазирад.
Президент Каролос Папоулиас раҳбарони ҳизбҳоеро, ки дар интихоботи 6 май орои бештар ба даст оварданд, ба музокирот даъват кардааст, аммо таҳлилгарон умедвори пешрафте нестанд. Агар нишасти имрӯза низ натиҷа надиҳад, Папоулиас маҷбур ба даъвати интихоботи нав хоҳад шуд.