Намоиши тарҳҳои нави Мирзобоева рӯзи 9-уми май бо пошидани гулбаргҳо ва чошнии қанду ширинӣ оғоз ёфт ва дар он теъдоде аз занони мусулмон ширкат карданд.
Сатри мусулмонӣ дар кӯчаҳои Алмато, Остона ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон кам ҳам бошадӯ, ба назар мерасад ва Мирзобоева ба занони ҷавон пешниҳод мекунад, ки бо пӯшидани либосҳое, ки ӯ тарроҳӣ кардааст, онҳо метавонанд, ҳам сатри мазҳабиро риоят кунанд ва ҳам зебоии худро ҳифз намоянд. Талошҳои ин тарроҳи қазоқ ба тамоюлоте дар мӯди Исломӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳамоҳангӣ мекунанд.