Вена бозиҳои Евро-2012 дар Украинаро бойкот кард

Михаел Спинделеггер

Давлати Австрия эълон кард, ки ба нишони эътироз ба шароити табобати сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар зиндон тамоми бозиҳои Евро-2012 дар Украинаро бойкот хоҳад кард. Вазири хориҷа Михаел Спинделеггер гуфт, ягон мақоми ин кишвар дар бозиҳои Евро-2012 дар Украина ширкат нахоҳад кард. Сабқати қаҳрамонии футболи Аврупо, ки мизбониашро Украина ва Лаҳистон ба ӯҳда доранд, рӯзи 8 июн оғоз хоҳад ёфт. Тимошенкои ғарбгаро, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, чанде пеш даъво кард, ки ӯро зиндонбонҳо латукӯб кардаанд. Мақомоти Олмон ва ИА низ гуфтаанд, ки рӯи бойкоти бозиҳои футбол дар Украина фикр мекунанд.