Тағйирот дар ҳайатҳои дастаҳои Лигаи олӣ

Комил Саидов, футболбози тоҷик.

Давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ бо ширкати 13 даста, ки рӯзи 7-уми апрел шурӯъ шуд, то 1-уми июл идома хоҳад кард.
Бар асоси дархости дастаҳо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайатҳои тимҳои ширкаткунандаи мусобиқа то ҳоло чунин тағйирот ба амал омадааст:

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ)

Омаданд: дарвозабон Саидҷон Саидраҳмонов («Равшан»), ҳамлагар Фирдавс Қурбонов («Регар-ТадАЗ»), нимҳимоятгар Александр Франк («Қизилқум», Узбакистон), ҳамлагар Шаҳзод Сулаймонов («Граменет», Испания).

Рафтанд: дарвозабон Фарҳод Юлдошев («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгар Одил Эргашев («Равшан»), ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров («Андиҷон», Узбакистон), ҳимоятгар Умед Ҳабибуллоев.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (ТУРСУНЗОДА)

Омаданд: ҳимоятгар Виктор Лиховидко («Еднист», Украина), нимҳимоятгар Игор Леонов («Белшина», Беларус), ҳамлагар Комил Саидов, нимҳимоятгар Илҳом Ортиқов (ҳарду – ССКА «Помир»), нимҳимоятгар Раҳмоналӣ Баротов («Хайр»), дарвозабон Фарҳод Юлдошев («Истиқлол»), нимҳимоятгар Сайриддин Ғаффоров («Динамо», Самарқанд, Узбакистон), ҳимоятгар Алишер Шарифов, ҳимоятгар Саидҷон Эргашев (ҳарду - «Шодмон»).

Рафтанд: ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов, ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов (ҳама - «Равшан»), ҳамлагар Фирдавс Қурбонов («Истиқлол»), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев, нимҳимоятгар Абдуқаюм Қарабоев (ССКА «Помир»), дарвозабон Шоён Шариатӣ (Эрон), нимҳимоятгар Муҳаммад Гулипур («Хайр»).

«РАВШАН» (КӮЛОБ)

Омаданд: дарвозабон Рустам Ризоев («Вахш»), ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов, ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгар Одил Эргашев («Истиқлол»), нимҳимоятгар Бедҷамин Аманква (Гана), ҳамлагар Ҳусейни Моҳрухӣ (Эрон).

Рафтанд: дарвозабон Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»), ҳамлагар Индус Ҳусейнзода («Хуҷанд»), дарвозабон Неъмат Тошев, нимҳимоятгар Зокир Абдулхайров, ҳимоятгар Хайриддин Турсунов.

«ЭНЕРГЕТИК» (ДУШАНБЕ)

Омад: ҳамлагар Худойдод Нусратов («Шодмон»).

Рафтанд: нимҳимоятгар Акмал Авазов, нимҳимоятгар Алишер Улмасов (ҳарду - «Хайр»).

«ХАЙР» (ВАҲДАТ)

Омаданд: дарвозабон Саидҳусейн Доробӣ (Эрон), нимҳимоятгар Обидҷон Исмоилов, нимҳимоятгар Сӯҳроб Ашӯров (ҳарду – ССКА «Помир»), нимҳимоятгар Акмал Авазов, нимҳимоятгар Алишер Улмасов (ҳарду – «Энергетик»), нимҳимоятгар Темур Нурматов («Гвардия»), нимҳимоятгар Муҳаммад Гулипур («Регар-ТадАЗ»).

Рафтанд: ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов, ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов, нимҳимоятгар Азим Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), нимҳимоятгар Раҳмоналӣ Баротов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагар Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд»), нимҳимоятгар Фазлиддин Сафаров («Зарафшон»), дарвозабон Уилям Сватсон («Ҳосилот»), ҳимоятгар Парвиз Турсунов, дарвозабон Сӯҳроб Баротов.

ССКА «ПОМИР» (ДУШАНБЕ)

Омаданд: ҳимоятгар Виталий Артёмов, ҳамлагар Виктор Станенко (ҳарду - «Иличевец-2», Мариупол, Украина), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев, нимҳимоятгар Абдуқаюм Қарабоев (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов, нимҳимоятгар Азим Юнусзода (ҳама – «Хайр»), ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), нимҳимоятгар Воҳид Бобоев.

Рафтанд: дарвозабон Абдулазиз Маҳкамов, ҳамлагар Аъзам Ҳусейнов (ҳарду – «Хуҷанд»), ҳамлагар Комил Саидов, нимҳимоятгар Илҳом Ортиқов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), нимҳимоятгар Обидҷон Исмоилов, нимҳимоятгар Сӯҳроб Ашӯров (ҳарду - «Хайр»), ҳимоятгар Фирдавс Абдуллоев, ҳимоятгар Ҷамшед Султонов, нимҳимоятгар Қурбоналӣ Собиров (ҳама – «Зарафшон»), ҳимоятгар Зафар Зубайдов.

«ХУҶАНД» (ХУҶАНД)

Омаданд: дарвозабон Абдулазиз Маҳкамов, ҳамлагар Аъзам Ҳусейнов (ҳарду – ССКА «Помир»), ҳимоятгар Алишер Қосимов, ҳимоятгар Манучеҳр Аҳмадов, нимҳимоятгар Анвар Норқулов, ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов (ҳама – «Парвоз»), ҳамлагар Пирмурод Бурҳонов («Хайр»), ҳамлагар Баҳром Умаров («Металлург», Бекобод), ҳамлагар Индус Ҳусейнзода («Равшан»).

Рафтанд: ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), ҳимоятгар Азамат Комилҷонов («Парвоз»), дарвозабон Насим Баротов.

«ВАХШ» (ҚӮРҒОНТЕППА)

Рафт: Рустам Ризоев («Равшан»).

«ПАРВОЗ» (БОБОҶОН ҒАФУРОВ)

Омаданд: ҳамлагар Артур Камалеев, ҳамлагар Артём Козлов, нимҳимоятгар Ғайрат Абдураззоқов, нимҳимоятгар Беҳзод Турдиқулов, ҳимоятгар Азамат Комилҷонов («Хуҷанд»), нимҳимоятгар Руслан Архипов, ҳимоятгар Руслан Кузнетсов, нимҳимоятгар Олег Ежуров.

Рафтанд: ҳимоятгар Алишер Қосимов, ҳимоятгар Манучеҳр Аҳмадов, нимҳимоятгар Анвар Норқулов, ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов (ҳама – «Хуҷанд»).

«ГВАРДИЯ» (ДУШАНБЕ)

Омаданд: ҳимоятгар Сӯҳроб Шарифов, нимҳимоятгар Бахтиёр Муҳаммадов, ҳамлагар Маҳмадсаид Бобомуродов (ҳама – «Шодмон»), дарвозабон Мухтор Қурбонов,

Рафт: нимҳимоятгар Темур Нурматов («Хайр»).

«ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН)

Омаданд: ҳамлагар Шӯҳрат Шамсиев, ҳамлагар Зокир Бердиқулов, нимҳимоятгар Илҳом Баротов, нимҳимоятгар Беҳрӯз Сангинов, нимҳимоятгар Шариф Зиёев (ҳама – «Хуҷанд»).

«ҲОСИЛОТ» (ФАРХОР)

Омаданд: дарвозабон Уилям Сватсон («Хайр»), нимҳимоятгар Саидамир Мирзоев ("Ҳулбук"), ҳимоятгар Зафарҷон Нозиров ("Ситора"), ҳамлагар Темур Ғиёсов (Душанбе).

«ЗАРАФШОН» (ПАНҶАКЕНТ)

Омаданд: ҳимоятгар Ҷамшед Султонов, ҳимоятгар Фирдавс Абдуллоев, нимҳимоятгар Қурбоналӣ Собиров (ССКА «Помир»), нимҳимоятгар Фазлиддин Сафаров («Хайр»), ҳимоятгар Ашрафи Мустафо (Эрон), ҳамлагар Амирбек Саидов, ҳимоятгар Ҷалол Маҷидов, ҳамлагар Аъзамҷон Каримов.