Чаҳор голи "Хайр" ба дарвозаи "Истаравшан"

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи ҳафтуми апрел ду бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.
Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар майдони худ бар дастаи нави Лигаи олӣ -- "Истаравшан"-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4:1 ғалаба кард.

Обидҷон Исмоилов, ҳамлагари дастаи "Хайр", дар дақиқаи 20-уми бозӣ аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз намуд. Ин аввалин голи мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад.

Легионери эронӣ, Муҳаммад Гулипур, дар дақиқаи 37-ум голи дувуми мизбононро ба ҳадаф расонд. Дар замони изофии қисми аввали дидор Шариф Зиёев, бозигари "Истаравшан" аз пеналтӣ ҳисобро тағйир дод.

Аммо баъдан Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм ва Исроил Идиев, капитани дастаи "Хайр" дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи "Истаравшан" боз ду гол заданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар варзишгоҳи "Барқ"-и Норак барпо гардид. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ -- 2:2 поён ёфт. Нахуст Шӯҳрат Умаров, ҳамлагари "Хуҷанд" дар дақиқаи 50-ум ҳисобро кушод. Сипас, Габриэл Донто, легионери африқоии тими "Энергетик" дар дақиқаи 69-ум ва 71-ум ду гол зад. Дар дақиқаи 84-уми дидор бозигари "Хуҷанд", Манучеҳр Аҳмадов, боз ҳисобро баробар намуд.

Се бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе, ҳаштуми апрел, сурат мегиранд. "Истиқлол"-и Душанбе дар варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода бо тими "Ҳосилот"-и Фархор рӯбарӯ мешавад. Дастаи "Равшан" дар майдони худ -- варзишгоҳи марказии Кӯлоб бо тими "Зарафшон"-и Панҷакент рақобат хоҳад кард.

Тими "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи "Фурудгоҳ" бо "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад. Бозии охирини даври аввал миёни тимҳои "Гвардия"-и Душанбе ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода рӯзи 9-уми апрел дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд. Бозиҳо соати 16 оғоз меёбанд.

Ба ин тартиб, мусобиқаи имсолаи Лигаи олӣ бо ширкати 13 даста дар ду марҳила баргузор мешавад. Мусобиқаи даври аввал то 1-уми июл идома хоҳад кард.