Суқути ҳавопаймо дар Русия 32 кушта ба ҷо гузошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар фалокати ҳавопаймо дар ғарби Сибир 32 нафар кушта шудаанд. Ҳавопаймои ATR-72 тавлиди Фаронсаву Итолиё баъд аз бархостан аз фурудгоҳи Тюмен суқут кард ва муҳарикаш оташ гирифт. Вазъи бозмондагони фалокат бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.