Се медали каратэчиёни тоҷик дар Бишкек

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми булӯрини каратэ-до WKF (Созмони ҷаҳонии каратэ) дар Бишкек се медал ба даст оварданд.
Ба иттилои Муҳаммад Бодаков, раиси Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон, дар сабқати наврасони 16-17-сола дар вазни то 68 кг Баҳодурхон Бобохонов мақоми аввалро касб кард.

Дар сабқати варзишгарони 18-сола Шарифҷон Ғаниев дар вазни то 61 кг медали нуқра ва Фозилҷон Аҳмадов дар вазни то 68 кг бо медали биринҷӣ сарфароз шуданд.

Ҷаноби Бодаков афзуд, намояндагони дигари Тоҷикистон – Зариф Мӯъминов беҳтарин мураббӣ ва Вадим Ҷо Чун Си беҳтарин довар дониста шуданд.