Ҳалокати даҳҳо нафар дар таркиши Бағдод
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асари силсилаи таркишу ҳамлаҳо дар Бағдод дасти кам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар минтақаи Коррада се таркиш ба амал омад, аз ҷумла, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи нерӯҳои амниятӣ мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расиданд.