Роҳи ноҳамвор ба сӯи бокси ҳирфаӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шералӣ Достиев, муштзани тоҷик ширкатдори ду олимпиадаи солҳои 2004 ва 2008, тӯли се соли ахир аст, ки тарки бокси ҳаваскорӣ карда ва дар ИМА дар бокси ҳирфаӣ ё касбӣ зурозмоӣ мекунад. Шералӣ Достиев, барои даҳумин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ омодагӣ мегирад ва тасмим дорад дар моҳи июн дубора ба Амрико баргардад ва мутмаин аст, ки заҳматҳои ӯ дар ин риштаи варзиш бесамар нахоҳад буд.