Инқилоби "ранга"-и Туркманистон

Бердимуҳаммадов ҳангоми тақдими тӯҳфа ба кӯдакон дар расми ифтитоҳи қасри нави худ дар Ишқобод дар соли 2011.

Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат. Раисиҷумҳури Туркманистон тақрибан ҳамеша дар пешорӯ ё давру бараш садбаргҳои сафед дорад ва ин ишора ба шеърест бо номи "Садбаргоҳи сафед".

Бердимуҳаммадов дар видеоконфаронси ҳукумат. Дар ҳоле ки қолинҳои суннатии туркманӣ асосан сурхранганд, дар коргоҳи раисиҷумҳур асоан қолинҳои сафед густурда шудаанд.

Дар ин ҷо Бердимуҳаммадов савори аспи ахалтекест. Аспи сафед ва рангҳои сафед.

Нашрияҳои Туркманистон акси Бердимуҳаммадовро дар ҷашни зодрӯзаш 29-уми июн нашр карданд, ки либоси сафед ба бар дошт.

Ранги сафед дар кишварҳое, ки мардумонаш аз рӯйи анъана кӯчманчӣ буда, бо чорвопарварӣ машғуланд, ғизои маъмулии онҳо -- ширу ҷурғоту мостро ба ёд меорад.

Дар арафаи рӯзи аввали таҳсил дар мактаби шумораи 55-и Ишқобод ба падару модарон дастур дода шуд, ки фарзандонаш бо либоси сафед ба мактаб биёянд.

Ҷавонон бо пуфакҳои сафед дар расми ифтитоҳи як бинои нав дар пойтахти Туркманистон. Зимнан, ранги сафед дар Осиёи Марказӣ рамзи покизагӣ ва хушбахтӣ шумурда мешавад.

Бердимуҳаммадов дар расми ифтитоҳи қасри нав дар Ишқобод дар соли 2011. Агар ранги сафед дар ҷашну маросими Туркманистон дар ҷойи аввал бошад, сабзи ҳамранг ба парчами ин кишвар дар ҷойи дувум аст.

Ҳатто дар вақтҳои истироҳаташ Бердимуҳаммадов ба ранги сафед бартарӣ медиҳад.

Бердимуҳаммадов ҳангоми истироҳат дар шаҳри Туркманбошии соҳили Баҳри Каспий ё Дарёи Хазар. Вай карйераи ҳукуматии худро аз дандонпизишки Вазорати тандурустӣ сар кард, аммо баъд аз расидан ба қудрат пойгоҳи худро месозад, то мероси Ниёзовро бартараф кунад

Бердимуҳаммадов ҳатто суруд мехонад, то кеши парастиши худро ба вуҷуд орад. Вай гитори сафед менавозад ва сарояндаи ин саҳна низ сафедпӯш буда, сози сафед дар даст дорад.