Тоҷикистон тасмим дорад, бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Барномаи миллии ғизои кӯдаконро таррезӣ кунад.
Бино ба гузориши СҶБ, нархи болои маводи ғизоӣ барои кӯдакон, ба вайрон шудани меъёри ғизохӯрӣ мунҷар шудааст, ки ба ин далел беш аз 29 дарсади кӯдакон қади паст доранд ва ҳудуди 13 дарсад лоғаранд ва вазни мувофиқ ба синнашонро надоранд.
Пажӯҳишҳо ҳокист, ки беш аз 50 дар сади кӯдакони аз 12 то 23 моҳа аслан шири модарро истифода мекунанд, дар ҳоле, ки бояд ғизоҳои дигари махсус барои кӯдаконро истеъмол кунанд.
Зулайхо Толибова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки духтарчаи шашмоҳааш аз рӯзи таваллуд шири модарро нахӯрда, ғизои сунъии «Нестаген»-ро хуш дорад. Хонум Толибова афзуд, «аз рӯзи таваллуд ба духтарчаам шири «Нестаген -1» додам, ба вай форид. Ҳоло саломат ва фарбеҳак аст. Вале мушкили қиммати ин ғизо, маро нигарон кардааст, ки дар оянда зӯрам намерасад. Аввал 25 сомон буд, ҳоло 35 сомон шудааст, ки як қуттиаш барои ду рӯз мерасад».
Пизишкони тоҷик мегӯянд, ки далели аслии ба бемории диарея ё шикамравӣ мубтало шудани кӯдакон, ки боиси лоғарӣ мешавад, ин вайрон шудани режими ғизодиҳӣ ба кӯдакон аст, ки бештар ба дороӣ ва тавони хариди ғизо дар хонаводаҳо бастагӣ дорад.
Ин аст, ки Ширин Назарова, пизишки кӯдакон аз дармонгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе дар ин бора мегӯяд, «мардуми камбизоат бисёр аст. Тавони хариди ғизои кӯдаконро надоранд. Ба ҷои он шири гов медиҳанд, ки ба бемории диарея сабаб мешавад ва ба кӯдак аз ғизои калонсолон мехӯронанд, ки қобилияти ҳал кардани онро надорад ва режими ғизои онро вайрон мекунад. Диарея ба назари ман мушкили аслӣ дар Тоҷикистон нест. Мушкили аслӣ зиёдии бемории сил, зоб ва камхунии модарон аст.»
Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Ҷамилов, пизишки дармонгоҳи рақами 3-и шаҳри Душанбе дар гуфтӯгу бо РО гуфт, ба ҷузъ мушкили ғизо се далели ба бемориҳо мубтало шудани кӯдакон ва лоғарию қадпастии онҳоро чунин шарҳ дод, «сабаби аввал солим набудани модарон, сабаби дуввум камхунӣ, ки ба ғизо марбут аст ва севвум қиматии ғизо барои кӯдак ва модар, ки дар ин авохир боло рафтааст. Барои мисол як баста ғизои кӯдак 50- 60 сомонӣ аст, ки барои ду се рӯз мерасад. Аксари мардум тавони хариди ин ғизоро надорад. Сабаби дигар зуд-зуд таваллуд кардани модарон аст, ки тавони ҷисмаш барқарор нашуда боз ҳомиладор мешавад.»
Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон низ риоя нашудани фосилаи таваллудро яке аз омилҳои густариши бемориҳои мухталиф дар миёни навзодон медонанд. Хосса таваллуди пайи ҳам дар манотиқи русто
ба мушоҳида мерасад, ки шароити бади беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ доранд. Аз сӯи дигар ҷилавгирӣ аз ин мушкил аст, зеро ин таомули мардуми мусалмон аст, ки мехоҳанд фарзанди бештар дошта бошанд.
Дар ҳоле, ки дар чанд соли ахир марказҳои танзими хонавода дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон фаъол аст ва ҳадафи аслии ин муассисот танзими таваллуд дар миёни аҳолӣ, ба хусус деҳот аст.
Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, бештари занон талаботҳои марказҳои танзими хонаводаро риоя намекунанд. Ин аст, ки чунин амалкард боиси густариши бемориҳои мухталиф шудааст.
Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки беш аз 60 дарсади занон дар деҳот фосилаи таваллудро, ки се сол аст, риоя намекунанд.