Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев. Шаҳри Душанбе, моҳи сентябри соли 2011
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон тайи як нома ба раиси ҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев муроҷиат карда, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ намудаанд.
Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти Русия мунҷар шудааст.
Ҷомеаи маданӣ аз мақомоти Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар низ хостааст, ки тавассути намояндагонаш дар қаламрави Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоя бикунад. “Мо аз мақомоти Тоҷикистону Русия, ду кишвари дӯст, мехоҳем, ки барои идомаи ҳамкориҳои “хуб”-и дуҷониба саъй намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро дар қалвамрави ин ду кишвар риоя кунанд”,-омадааст дар изҳороти ҷомеаи мадании Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки Гурӯҳи тозтаъсиси мусоидат ба вазъи муҳоҷирон дар Душанбе низ мехоҳад бо як нома ба мақомот ва масъулони васоити ахбори умуми Русия муроҷиат бикунад, то даст аз таҳқиру таъқиби муҳоҷирони тоҷик бардоранд.