Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, сесад муҳоҷири ғайриқонунии тоҷикро боздошт намудаанд.
Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки ин афрод бо сабаби вайрон намудани мавозини муҳоҷират ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ин мақоми русӣ, ин муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия ба таври ғайриқонунӣ фаъолият менамудаанд, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ, ки барои муҳоҷирони кории хориҷӣ ихтисос дода шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд ва бо ҳал шудани ба таъбири вай мушкили «техникӣ», ба ватанашон фиристода хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи ҷумъа Константин Ромодановкий, раиси Хадамоти Федеролии Русия гуфтааст, дар шоми рӯзи ҷумъа ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабаби вайрон намудани мавозини муҳоҷират ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд.
Сару садоҳо дар мавриди боздошт ва истирдоди муҳоҷирини кории тоҷик дар расонаҳои русӣ дар ҳоле пахш мешавад , ки Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти Федеролии Русия қаблан гуфта буд, «ҳар каси бекору коргар ба додани чунин баёнияҳо шурӯъ кардааст», ки ба гуфтаи ӯ як навъ «иғвоангезона» аст.
Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ рӯзи шанбе дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун ҳеҷ гурӯҳе аз Русия ба Тоҷикистон истирдод нашудааст. Мансур Арифов, сардори раёсати байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ки намояндагони ин ниҳод дар фурудгоҳи Душанбе ҳузур доранд ва омодаи қабули бозгашти эҳтимолии муҳоҷирини корӣ ҳастанд. Ҷаноби Арифов афзуд, ки то ин лаҳзаҳо танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон бинобар нодуруст будани асноди сафар ва доштани муғойират бо мавозини муҳоҷирати Русия аз Маскав баргардонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол ба навиштаи расонаҳои русӣ, гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Маскав, бо шиорҳои даъват ба озодии Садовничий ва Руденко, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гирдиҳам омадаанд. Онҳо бо шиор ва овезаҳои "Ҳавонавардҳои русро раҳо кунед" , "Аз дасте, ки нон мехӯред, намакдонро наандозед", "Русия ва Тоҷикистон ҳамшарики стратегӣ" ва ғайра аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин халабонон аз маҳбас озод карда шаванд.
Дар робита ба масъалаи истирдод ва таъқиби муҳоҷирини кории Тоҷикистон расонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳои Русия низ навиштаанд. Аз ҷумла «Газета.Ру» аз қавли Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия навиштааст, ки дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик дар сохтмонҳои пойтахти Русия идома дорад.
Ба таъбири ҷаноби Шарифов, маъмурони пулис дар сохтмонҳо ва хиёбонҳои баъзе манотиқи Маскав "рейд" гузаронида ва муҳоҷирони кории тоҷикро дастгир менамоянд.
Бо афзоиши сарусадоҳо дар мавриди ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия, гурӯҳҳои миллатгарои рус аз ин тасмим истиқбол намуда ва хостори идомаи раванди ихроҷи муҳоҷирон шуданд. Онҳо умедворӣ кардаанд, ки ҷониби Русия бо Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ хоҳад кард.
Амм аз ҷониби дигар ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия ҳушдор додаанд, ки идомаи ин раванд бар равобити Русия ва Тоҷикистон латма ворид карда ва ба бегонаситезӣ дар ин кишвар мусоидат менамояд.