«Арвоҳи хушдоманам ҳамеша бо ман аст»

Ҳамида Холова, сокини ноҳияи Ёвон

Солҳои нави хонадориамон буд. Як бегоҳӣ, баъди намози шом баъзе корҳоро дар дохили ҳуҷра анҷом додаму хостам ба ошхона рафта хӯроки шом дуруст кунам.
Ба долон баромадаму дидам, ки як сафедие монанд ба андоми одам аз осмон оҳиста ба замини рӯйи ҳавлиамон фаромаду дар ҳолате, ки пойҳояш ба замин намерасиданд, ҷониби ман омадан гирифт. Ҳар қадар, ки пештар меомад, он сафедӣ ба худ андоми зани ҷавони пироҳани сафеду дароз ва сарбанди сафед доштаро мегирифт. Вале аҷибаш ин буд, ки он андому он чеҳраро ман ба касе монанд мекардаму вале намедонистам ба кӣ. Вай ба ман наздиктар мешуду бадани ман сардтар мешуд ва як ларзае бе ҷонам афтоду дигар чизе дар ёдам нест. Вақте чашмонамро кушодам хоҳарарӯсам бо даст ба рӯям мезад, то ҳушёр шавам. Баъди ин ҳодиса чанд муддате бемор шудам ва аз хобам тарсида бедор мешудам. Ман вақте ин ҳодисаро ба шавҳарам нақл кардам, вай гуфт, шояд арвоҳи модарам туро, ки фарзандакони ятимашро модарвор нигоҳубин мекунӣ, хабаргирӣ омада бошаду мехоҳад изҳори сипос кунад.

Баъди ин суханони шавҳарам ҷои тарсу воҳимаро дар дилам як оромии хосе гирифт. Ман ба хоҳару додаракони шавҳарам бештар меҳр бастам ва мисли модарашон онҳоро меҳрубониву нигоҳубин мекардам. Ҳар бор сару танашонро мешустам ва ё хӯрокашон медодам ба назарам мерасид, ки аз як гӯшае модарашон истода ба кору бори ман нигоҳ мекунад ва баҳо медиҳад. Аз ин рӯ ба худ ҳақ намедодам, ки боре бо ин ятимакони бемодар дағалӣ кунам. Арвоҳи хушдоманам гӯё инро дарк карда буд, ки беибо сари ҳар вақт, бештари вақт дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон меомад. Ман дигар аз ӯ наметарсидам ва дер омаданашро як навъ ранҷиши ӯ дониста сари корҳову амалҳои кардаам андеша мекардагӣ шудам. Кӯшиш мекардам, ки ягон кореро нодуруст анҷом надиҳаму ҳеҷ яке аз ятимонашро беҳуда коҳиш ё озор надиҳам.

Вақте ман ба хонаи шавҳарам арӯс шуда омадам, ҳамагӣ 17 сол доштаму хушдоманам дар ҳаёт набуд. Ӯ хеле ҷавон аз дунё гузашта буд ва шавҳари ман писари калониаш буду боқии фарзандон ҳама наврасу хурдсол. Ман ҳамаи ин фарзандони ятимро на ҳамчун янга, балки ҳамчун модар дар қатори фарзандони худам парасторӣ намудаву хонадор ва соҳиби маълумоту манзилу ҷоҳ кардам. Хурдиҳояшон, ки модарашонро дар ёд надоштанд, намедонистанд, ки ман зани бародари онҳоям. Аз ин хотир маро оча мегуфтанд.

Бо кӯмаку роҳнамоии арвоҳи хушдоманам мани ҷавон ва бе ягон таҷрибаи зиндагӣ, доштани дасти бахайр ва бахшишу саховатро омӯхтам. Сари ҳар вақт ба арвоҳи хушдоманам ва дигар гузаштагон хайрот медодам. Як дег хӯрок пухта ба ҳамсояҳои нодор ва ятимону беморон тақсим мекардам. Касе барои ҳоҷате ояд, ноумед ва дасти холӣ вз даргоҳи мо намерафт. Дар рӯзҳои ид дастурхон ороста хатми Қуръон мефармудам. Худ намоз гузошта ҳамеша руҳу арвоҳи гузаштагонро дар намозам бо дуо ёд мекрдам ва сари ҳар вақт шавҳарамро ба ҷону ҳолаш намонда маҷбур мекардам, ки ҳама корҳои зарурашро як сӯ монда аввал сари хоки модарашро хабар гираду дуову фотиҳа кунад. Ҳар боре, ки ман ин корҳоро ба ҷо меовардам, дар дилам як гуна роҳату оромиш эҳсос мекардам. Ва оҳиста-оҳиста баракати хонадонамон ҳам меафзуд. Шавҳарам соҳиби кори сердаромаде шуду додарони дигарашро дар паҳлӯяш гирифт. Акнун дар хонаи мо якто не, балки чаҳор марди ноновар буд ва мо аз ҳеҷ ҷиҳат камбудӣ надоштем. Меваи боғамон ва ҳосили сабзавоти замини наздиҳавлигиамон он қадар ҳосили хуб медод, ки бо фурӯхтану ҳадя кардан сару барашро намёфтем. Ва ман ҳамеша ҳама ин баракату нусратро ба арвоҳи аз мо шоду қаноатманди хушдоманам медонистам.

Вале агар боре фориғ аз ин ҳама корҳои савоб мешудам ва ё дуру дароз дар сӯҳбати занҳои бадгӯву ғайбатчӣ менишастам ё дар хоб ё дар бедорӣ ҳатман аз хушдоманам танбеҳ мегирифтам. Ё дар хобам саломамро алейк намегирифту рӯяшро дигар сӯ метофт ва ё вақте гусел кардан бо қаҳр мегуфт, маро гусел накун.

Ёдам ҳаст боре даҳаи Арафа буд. Бояд яке аз хоҳарони шавҳарамро хонадор мекардем. Ман гирифтори кору ташвишҳои дигар шуда, додани нони хайрот ба рӯҳу арвоҳи гузаштагонро ба рӯзҳои баъд мавқуф гузоштам.

Як бегоҳ қарибии шом буд ва ман кӯдакамро дар гаҳвора хобонида шир мемакондаму аз тиреза рӯи ҳавлиро назора мекардам. Ҳамин вақт боз ҳамон андоми сафед печида -печида аз осмон ба замин фаромаду ба тирезаи ҳуҷрае, ки ман менишастам наздик шуд ва баръало дидам, ки пардаи тирезаро бардошта ба шамъи фурӯзоне, ки дар тоқи он меистод, часпонду аз назар ғоиб шуд. Пардаи тиреза аланга гирифта оташ ба анҷоми дигар хона часпида буд, ки ман худро хушёр карда ба даст гирифтаму бо курпачае зада оташро хомӯш кардам ва фардои он рӯз суфраи хайрот густурдаву ба арвоҳи хушдоманам дуову фотиҳа фиристодем.

Ана ҳамин тавр арвоҳи хушдомани ман дар давраи ҷавониву бетаҷрибагиҳоям ҳамроҳам буду кӯмакам кард, ки ҳам ҳамчун инсон ва ҳам ҳамчун ҳамсар ва модар, беҳтар бошам. Ӯ ки худ аз рӯи шунидаҳоям зани покизарӯзгору парҳезкор ва хеле оромтабиату дасти бахайрдошта будааст, маро ҳам ба тарбияи худ гирифту таҷрибаи зандагӣ омӯхт. Ҳамроҳии арвоҳи хушдомани худобиомурзи ман некиеро ба ман кардааст, ки шояд ягон одами зинда ба он қодир набошад. Яъне шафоъати як арвоҳ дар паҳлӯи ман ва дар зиндагии ман беҳтар аз ҳамроҳии сад одами носолеҳу ношоиста будааст.

Ман ки ҳоло синам ба чиҳил расидааст ва роҳу равиши зиндагиро аз худ кардаам, арвоҳи хушдоманам магар осуда гаштааст, ки мисли пештара на зуд-зуд, балки гоҳ-гоҳе ба аёдатам меояд. Вале ҳамагӣ чанд рӯзи пеш, дар рӯзи дуввуми ҳамин иди Фитр додарам Баҳрулло, ки меҳмони ман буд ва бо хоҳиши худи ӯ ҷойгаҳашро дар болои суфраи рӯи ҳавли андохта будам, субҳ бо авзои парешон ба ман гуфт, «Апа, ман ҳамин шаб тарсидам». Ман ки медонистам бародарам аз чӣ тарсидааст, аз ӯ пурсидам, ки ягон сафедиро дидӣ, ки андоми зани руймоли сафедпӯшро дошт? Баҳрулло ҳайрон шуда пурсид, ки «ту аз куҷо медонӣ?» Ман хандидаму гуфтам натарс, ман ҳам ӯро дидам. Вай ҳар вақт меояд. Ӯ арвоҳи хушдоманам аст. Арвоҳаш мисли худаш беозор аст. Ту ки худ аҳли намоз ҳастиву пойи ботаҳорат дорӣ, худро ба ту нишон додааст. Натарс, вай ба ту зарар намерасонад.

Баъди шунидани ин ҳарфҳои ман Баҳрулло ором шуду даст ба дуо бардошт. Беҳуда аждодони мо нагуфтаанд, ки «Арвоҳ ризо, худо ризо»

Ҳамида Холова сокини ноҳияи Ёвон.

Масъули бахш Сафаргул Олимӣ