Бино ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба сари 1 000 хонавода ҳудуди 83 мавриди талоқ рост меояд.
"Духтарам ҳоло таваллуд нашуда буд. Шавҳарам гуфт, ки "духтар бошад парто, писар бошад таваллуд кун." Ман духтар таваллуд кардам, шавҳарам қаҳр карду рафт. Зани дигар гирифт..."
Ин буд қиссаи талхи Дилафрӯз, як сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло бе хонаву дар духтари якунимсолаи худро тарбият мекунад. Амсоли ин зан кам нестанд духтароне, ки аз таҳсилу кор гузашта ба шавҳар мебароянд, вале дар нимароҳ танҳову дастнигар мемонанд.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавалтии "Перспектива плюс", ки ба масоили занон расидагӣ мекунад, гуфт, далели аслии афзоиши талоқ ё азҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар Тоҷикистон вазъи бади иҷтимоӣ аст. Вай афзуд, аммо мушкил дар он аст, ки занон наметавонанд аз шавҳари худ меросе бигиранд: "Тоҷикон фарзанди худро хеле барвақт хонадор мекунанд. Аксар вақт барои фарзандашон на хона месозанду на дар ғами ояндаи онҳо
ҳастанд ва писари хонадоршуда дар манзили падар зиндагӣ мекунаду хона ба номи падараш ҳаст. Дар он вақт додгоҳ наметавонад дар бисёр мавридҳо қазияро ба нафъи зани бевамонда ҳал кунад."
Ба эътиқоди ин ҳуқуқдон, мушкили дигар ин аст, ки аксарияти занҳо ақди никоҳи расмӣ надоранд ва дар Тоҷикистон шартномаи никоҳ низ вуҷуд надорад. Ба ин далел ҷудо шудани як хонавода барои зан баҳои як фоҷиаро дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин авохир теъдоди талоқ афзуда, теъдоди издивоҷ кам шудааст. Барои мисол дар ним соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди се ҳазору чорсад хонавода аз ҳам ҷудо шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ ба сари 1 000 хонавода ҳудуди 83 мавриди талоқ рост меояд ва дар вилояти Суғд ҳатто теъдоди издивоҷ коҳиш ёфтааст.
Музаффар Олимов, раиси Маркази таҳқиқотии "Шарқ" далели афзоиши талоқ ва коҳиши издвоҷро ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус бекорӣ рабт дод ва гуфт: "Яке аз сабабҳои аслии афзоиши талоқ бекорӣ аст. Ба он далел, ки теъдоди зиёди мардум бекоранду таъминоти хонавода нокофист, мардҳо ҳамсари худро талоқ медиҳанд..."
Ба эътиқоди ҷаноби Олимов дар ин авохир талоқ додани занон аз сӯи муҳоҷирони корӣ низ бештар ба чашм мерасад. Вай гуфт, пажӯҳишҳо баёнгари он аст, ки дурии зан аз мард дар муддати тӯлонӣ боиси дур мондани мард аз ташвиши рӯзгор шуда, мард мехоҳад ин масъулияти худро батамом аз дӯшаш хориҷ кунад.
Ба гуфтаи гурӯҳи дигари коршиносон далоили афзоиши талоқ ва коҳиши издивоҷ фитишизим, яъне молпарастӣ, шӯҳратпарастӣ будааст, ки дар шароити ба вуҷуд омадани табақаи доро ва миёнаву камбизоат дар ҷомеа зуҳур мекунад. Бархе аз мавриди талоқ дар миёни ҷавон бо далели ҳасудӣ ва як навъ мусобиқа бо ҳамсоя дар марвиди дороии мол сурат мегирад.
Ба гуфтаи ҳамин коршинсон ҳодисаҳои талоқ низ вуҷуд дорад, ки бо далели камбизоатии волидайни арӯс низ сурат мегирад. Сайёра, сокини дигари Душанбе, барои он арӯси писарашро аз хона рондааст, ки қади баланду мӯи дароз, амсоли арӯси писари ҳамсояаш надорад. Ҳоло Ҳомидҷон, писари Сайёрахола, хонавайрон ҳасту модари ӯ дар ҷустуҷӯи арӯси қадбаланду мӯйдароз сарсон.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад