"Боинг"-ҳои нави ширкати «Сомон Эйр»

Ҳавопаймо барои "Сомон Эйр" дар ҳоли таҳия шудан аст.

Ширкати «Сомон Эйр» - и Тоҷикистон аввалин "Боинги 737-900"- ро ба қаламрави ИДМ ворид хоҳад кард.
Фирӯз Эшонқулов, муовини мудири кулли ин ширкати ҳавонавардӣ мегӯяд, "Боинг 737-900" дар қиёс бо дигар ҳавопаймоҳо роҳаттару фарохтар аст: «Бартарии ин аз "Боинг 737-800" дар он аст, ки 3,5 метр дарозтар аст, сӯзишворӣ камтар мехӯрад. Дарунаш бо усули "Скай интерйер" сохта шудааст, яъне вақте дар ҷоятон мешинед, худро дар ҳаво тасаввур мекунед.»

Ба қавли оқои Эшонқулов, ду ҳавопаймои
Ҳамаи муваффақиятҳои ширкат аслан хидмати на раҳбарият, балки пуштибонҳои «пинҳонии» он аст. Он қадаре ки ба мо маълум аст, «Сомон Эйр» аз Ҳасан Саъдуллозода, раиси «Ориёнбонк» аст...

ширкати амрикоӣ то 25 сентябри соли равон вориди Душанбе мешаванд ва ба ҳамин минвол, шумори ҳавопаймоҳои ин ширкат ба 5 адад хоҳад расид, ки ҳамагӣ истеҳсоли ширкати маъруфи Боинганд. Қаблан ширкат як ҳавопаймои "Боинг 737-800" ва як "Боинг 737-300" дошт.

Муовини мудири кулли «Сомон Эйр» ба далели махфӣ будани қарордод қимати ин ду ҳавопайморо ошкор накард. Аммо қаблан расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки харидории "Boeing 737 Next-Generation-900ER" ба 163 миллион доллари амрикоӣ тамом мешавад. Аммо Фирӯз Эшонқулов гуфт, ин рақам аз ҳаво гирифта шуда, дар асл хеле кам аст ва «Сомон Эйр» онро дар мӯҳлати 10 сол ба Боинг пардохт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ворид шудани ҳавопаймоҳои навъи беҳтарин ва ҳам камхарҷ қимати чиптаҳо дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Ҳамчунин хизматрасонӣ дар дохили ҳавопаймоҳо аз камбудиҳоест, ки ба таври ҳамешагӣ дар саҳифаҳои матбуот танқид мешавад.

Ҷамшед, сокини Душанбе мегӯяд, барои ширкатҳои Тоҷикистон муҳимтар ба даст овардани фоида аст, на беҳбуд бахшидани хизматрасонӣ: «Аз он сар мекунем, ки чӣ тавр сабтиномкунӣ шурӯъ мешавад. Комилан ягон хизматрасонӣ нест. Комилан! Ягон намояндаи «Сомон Эйр» - ро намебинӣ. Ҳама кор бо усули, дағалона гӯем, «қишлоқӣ» сурат мегирад. Шояд онҳо бар ин фикранд, ки азбаски аксари мардуми сафарӣ қишлоқиянд, хизматрасонӣ ҳам бояд ҳамон тавр бошад. Ба ҳама, ҳатто хориҷиёну мардуми зиёӣ ҳам ҳамин рафтор аст. Шиносҳои хориҷиам мегӯянд, ки ходимон ҳатто калимаи «марҳамат» - ро намедонанд ва табассуме ҳам дар лабашон нест.»

Фирӯз Эшонқулов мавҷудияти камбудиҳо дар хизматрасонии ширкаташро рад намекунад. Вай гуфт, ширкат барномаҳои беҳбуди хизматрасониро рӯи даст дорад, аз ҷумла тарҳи «Мусофири доимӣ», ки бар пояи он мизоҷи доимии ширкат ҳавасманд хоҳад шуд.

Аммо боло рафтани қиматҳоро оқои Эшонқулов қабл аз ҳама ба боло рафтани қимати сӯзушиворӣ марбут медонад. Вай афзуд:
«Масалан, «Аэронавигатсия» - и Қазоқистон қимати парвозҳо дар фазои ин кишварро 30 дарсад боло бурд. Фурудгоҳҳои хориҷӣ бо баҳонаи беқурбшавӣ низ қимати хадамоташонро боло мебаранд. Фурудгоҳи Франкфурт сари ҳар мусофир 25 евро монд, яъне андози мусофир. Мо ин ҳама маблағро аз куҷо мегирем? Албатта, аз мусофир.»

«Сомон Эйр» яке аз чаҳор ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки соли 2005 моҳона 34 парвоз анҷом медод ва ҳоло ин рақам ба 120 расидааст. Дар қиёс бо ширкати давлатии «Тоҷик Эйр», ки то рӯи кор омадани «Сомон Эйр» яккатози майдон буд, ахирӣ сол ба сол рушд мекунад ва барои дарёфти сармоягузорӣ низ мушкил надорад.

Агар «Сомон Эйр» танҳо «Боинг» дорад, «Тоҷик Эйр» ба истиснои ду «Боинг»-и кӯҳнасохт умдатан аз Ан-24, Ан-26, Ан-28, Ту-154, Як-40 — ҳои сохти шӯравӣ кор мегирад. Ин ширкат дар қабл изҳор дошта буд, ки аз Чин ҳавопаймо хоҳад харид, аммо ахиран аз харидории як ҳавопаймои «Сухой Суперҷет-100» - и Русия то соли 2013 хабар дод.

Коршиносон яке аз далоили рушди «Сомон Эйр» - ро ба баланд будани касбияти мутахассисонаш рабт медиҳанд, ки умдатан аз «Тоҷик Эйр» омадаанд.

Зафар Абдуллоев, рӯзноманигори тоҷик, ки дар бораи фаъолиятҳои пинҳонии як гурӯҳ ширкатҳо матлаб навиштааст, мегӯяд, муваффақиятҳои «Сомон Эйр» бештар аз дигар авомил вобастаанд: «Ба назари ман, ҳамаи муваффақиятҳои ширкат аслан хидмати на раҳбарият, балки пуштибонҳои «пинҳонии» он аст. Он қадаре ки ба мо маълум аст, «Сомон Эйр» аз Ҳасан Саъдуллозода, раиси «Ориёнбонк» аст. Ҳамчунин «Ориёнбонк» ва «Талко» эҳтимолан аз муассисони ширкат ҳастанд. Ин як гурӯҳи ширкатҳост, ки аз сӯи «Ориёнбонк» назорат мешаванд ва тариқи афроди дастнишондаву ширкатҳои офшорӣ сабти ном шудаанд. Онҳо мегӯянд, ки «Талко» бо «Сомон Эйр» робитае надорад. Аммо дар баъзе аз изҳорот худро фош мекунанд. Роҳбарони «Талко» дар кори он ширкат меварзанд.»

Харидории ду "Боинг"-и навтарин эҳтимол эътибори "Сомон Эйр" дар назди муштариёнашро болотар барад, вале ҳанӯз ҳам тарзи кори тамоми ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар муқоиса бо ширкати ҳавоии ҷаҳонӣ ва аз ҷумла Туркия, ки ба Тоҷикистон рафтуо дорад, заиф аст.

Ширкатҳои ҳавонавардии тоҷикӣ узви иттиҳодияҳои байналмилалӣ нестанду мусофирони он маҷбуранд барои идомаи сафарҳояшон дар хориҷа аз ширкатҳои дигар чиптаҳои нав харидорӣ кунанд. Ҳамчунин чанде аз мухисони футбол дар Ҷопон изҳори нороҳатӣ кардаанд, ки барои тамошои бозии дастаи милли Ҷопон ба Тоҷикистон сафар кардани онҳо ба як мушкили ҷиддие табдил ёфтааст.