Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД барои як дидори чоррӯза вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.
Дар ҷараёни ин сафар генерал Бордюжа бо мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Инчунин мулоқоти Николай Бордюжа бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст. Мавзъӯи аслии мулоқотҳои дабири кулли СПАД бо мақомоти Тоҷикистон баррасии масоили амнияти минтақаӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва авзоъи Афғонистон унвон шудааст.
Оғози сафари чоррӯзаи Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон дуруст дар таърихе иттифоқ уфтод, ки низомиёни русу тоҷик ҳамасола аз он дар 13-уми июл ёдоварӣ мекунанд. Бар асари ҳамлаи ғофилгиронаи нерӯҳои собиқи мухолифини тоҷик дар шаби 13-уми июли соли 1993 дар дидбонгоҳи шумораи 12, воқеъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, 25 сарбози Русия кушта шуда буд. Сафари Николай Бордюжа бо Тоҷикистон аз нисори гуле ба хотираи ин сарбозон оғоз шуд.
НИГАРОНӢ АЗ МАРЗҲОИ АФҒОНИСТОН
Аммо ҳамоно масъалае, ки дар меҳвари мулоқотҳои Бордюжа ва мақомоти Тоҷикистон қарор дорад, нигаронӣ аз марзҳои Афғонистон аст. Кишварҳои узви СПАД аз густариши
терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ тавасстуи ин марзҳо дар ҳаросанд ва роҳе барои посух гуфтан ба чолишҳои ин гуна, хосса баъди хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷустуҷӯ мекунанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳадафи сафараш мулоқот бо мақомот, баррасии ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва авзои минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Бо мақомоти қудратӣ шояд ба сурати дастаҷамъӣ мулоқот сурат бигирад.»
ТАҲАВВУЛОТИ НИГАРОНКУНАНДА
Қосимшо Искандаров, мудири маркази таҳқиқоти Афғонистони муосир мегӯяд, дар остонаи хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон, авзоъ дар он кишвар рӯ ба беҳбудӣ нест. Балки таҳаввулот бештар нигаронкунанда аст. Ва на танҳо барои СПАД, балки барои ҳами кишварҳо ва созмонҳое, ки дар минтақа манфиат доранд. Оқои Искандаров мегӯяд: «Мусаллам аст, ки нерӯҳои НАТО дар Афғонистон пирӯз нашуданд. Ҳар сол 100 миллиард доллар дар ин кишвар масраф мешавад, аммо авзоъ рӯ ба вахомат аст. Толибон бештар мешаванд, теъдоди ҳамлаҳои террористӣ меафзояд. Нигаронии ин кишварҳои узви СПАД аз он аст, ки бо хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва ҳатто бо оғози хуруҷи онҳо, авзоъ чӣ гуна мешавад.»
НАҚШИ РАМЗӢ, НА АМАЛИИ СПАД
Мақомоти Тоҷикистон аз ду моҳ ба ин сӯ борҳо эълон карданд, ки маълумоти кофӣ дар ихтиёр доранд, ки дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои нави мусаллаҳ дар ҳоли созмондиҳӣ ва убури марз ҳастанд. Ин нигаронӣ ҳамчунон ва коршиносон мегӯянд, ки сафари Николай Бордюжа ба Тоҷикистон нишоне аз тақвияти ин нигаронист. Аммо СПАД дар воқеъ дар баробари ин чолишҳое, ки дар пеши рӯ дорад, чӣ кори амалие метаврнад анҷом диҳад? Ва то куҷо ниҳодҳо,
бофтаҳои дарунии ин созмон барои посух гуфтан ба хатароте, ки таҳдид мекунад, шакл гирифтааст. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Дар таҳаввулоти чанд соли ахири минтақа, аз ҷумла ду инқилоби Қирғизистон ва бархӯрдҳои қавмии ҷануби ин кишвар ва ҳодисаҳои террористии кишварҳои дигари минтақа мо нақши муассири СПАД -ро мушоҳида накардем. Ва аз ин ҷост, ки агар ин созмонро бо НАТО муқоиса мекунанд, бештар ин як муқоисаи сумбулик аст, на амалӣ.»
ХАТАРИ МУШТАРАК АЗ ҶАНУБ?
СПАД аз ташаннуҷи авзоъ дар шимоли Афғонистон ва таъсири мустақими он ба кишварҳои минтақа нигарон аст. Ин созмони низомӣ як роҳи ҳалро дар кӯмаки кишварҳои узви СПАД ба мақомоти Афғонистон дар амри таъмини субот мебинад. Ин пешниҳодро дабирони Шӯрои амнияти СПАД ба раҳбарони кишварҳои худ дар ду моҳи пеш дода буданд. Аммо ин пешниҳод ҳанӯз ба амал табдил нашудааст. Ва ҳам суол ин аст, ки агар амалӣ ҳам шавад, оё авзои рӯ ба вахомати Афғонистонро тағйир хоҳад дод?
Таҳлилгарон мегӯянд, давлатҳои Осиёи Марказӣ як хатари муштаракеро аз он тарафи Ому ва ҳамчунин ниёз ба ҳамкорӣ дар посух гуфтан ба ин хатаротро ҳис мекунанд. Аммо системаи ҳамкории онҳо ба таври лозим барои посухгӯӣ ба ин чолишҳо шакл нагирифтааст.