Баррасии қазияи Афғонистон дар Душанбе

Мизи гирди байналмилалӣ таҳти унвони "Низоъ ва сулҳофарӣ дар Афғонистон: ҳолат ва дурнамо" ба кор оғоз кард.
Дар ин мизи гирд, ки бо ибтикори Кумитаи сулҳ ва ризоияти Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти Афғонистон ва минтақа ва созмони Маркази технологияи сиёсии «ПолитКонтакт»-и Русия дар Душанбе баргузор мешавад, мақомоти расмиву коршиносони 12 кишвари минтақаву ҷаҳон-Афғонистон, Олмон, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Қазоқистон, ИМА, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркия ва Фаронса ширкат доранд.

Ҳадафи нишаст, ҷустуҷӯи роҳҳалҳо барои низоъи давомдори Афғонистон унвон мешавад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси сулҳ ва низоъи Афғонистон дар Тоҷикистон



РОҲИ БУРУНРАФТ АЗ БӮҲРОН КАДОМ АСТ?

Коршиносон барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон роҳҳалҳои мухталиферо пешниҳод мекунанд. Иддае бар бархӯрди иқтисодӣ таъкид менамоянд ва иддае ҳам бар инанд, ки қазияи низои мудовим дар ин кишвар сиёсист ва роҳи раҳоияш низ сиёсӣ бояд бошад.

Георгий Ежов, коршиноси рус, ки 65 сол ба ин сӯ бо масоили
Георгий Ежов, коршиноси рус

Афғонистон сарукор дорад, мегӯяд, қабл аз ҳама бояд ба рушди соҳоти обёриву энержӣ ва нақлиёт тамаркуз шавад: «Бояд заминҳо ба истифода дода шаванд. Соҳаи обёрӣ бояд кор кунад. Аз Амударё бояд ба онҳо об дод. Худи онҳо даъво мекарданд, ки ба 25 дарсад ин дарё ҳақ доранд. Аммо Шӯравӣ ин рақамро ба 15 дарсад маҳдуд мекард. Аммо ҳоло аз як дарсад беш об намегиранд. Он гоҳ онҳо ҳосил хоҳанд дошт. Замину иқлими хуб доранд. Боз як қатор мушкилоти дигар ҳастанд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд ҳал кунанд. Агар одам сер аст, ба даст силоҳ гирифта, қасди ғорат намекунад.»

"АФҒОНИСТОН МАҚОМИ БЕТАРАФӢ ДОШТА БОШАД."

Дар ҳамин ҳол, Андрей Медведев, сарвари Маркази «ПолитКонтакт»-и Русия мегӯяд, бо ризоияти мардуми Афғонистон ва иттифоқи назари ҳамсояҳо ба ин кишвар бояд мақоми бетарафӣ баргардонида шавад: «Барои ин, ки ин дар
Андрей Медведев, сарвари Маркази «ПолитКонтакт»-и Русия

шароити имрӯз дарк шавад, аз назари ман, на ҳамчун коршиноси Афғонистон, балки политтехнолог, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ин масъаларо бояд дар алоҳидагӣ дар доираҳои расмиву коршиносӣ баррасӣ намоянд. Агар ҳар кишвар суду зиёнашро аз бетарафии ин кишвар маълум кунад, онҳоро фаҳмад, рӯи коғаз орад ва дар кул ҷамъбаст намояд, бовар дорам ҳама дарк хоҳанд кард, ки ин ягона роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон аст.»

Афғонистон солҳои ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ худро кишвари бетараф эълон карда буд, ки ба назари оқои Медведев, далели аслии осеб надиданаш аз ин ду таҳаввулоти умдаи асри гузашта буд. Ба назари ӯ, баробари бозгашт ба мақоми бетарафӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳи дохилӣ халъи силоҳ мешаванд, ягон кишвари хориҷӣ ба Афғонистон нерӯ ворид намекунад ва дахолат карда ҳам наметавонад.

ФЕДЕРАЛИЗМ РОҲИ ҲАЛ АСТ?

Аммо Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва узви парлумони Афғонистон мегӯяд, бозгашт ба мақоми бетарафӣ вақти зиёд мехоҳад ва як тарҳи номуваффақ аст.

Вай афзуд, низоми федеролие, ки ӯ аз қабл пуштибонӣ мекунад, дар марҳалаи кунунӣ, вақте баҳси мусолиҳа бо ягона нерӯи ноамнкунандаи Афғонистон-ҳаракати Толибон идома
Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва узви парлумони Афғонистон

дорад, боз воқеитар шудааст: «Шумо дар Мазори Шариф, ё дар Бадахшон ё Ҳирот мушкиле бо омӯзишу парвариши занон надоред. Мушкиле бо телевизион, мусиқӣ ва рақс надоред. Ба гунаи мисол мегӯям. Аммо дар Ҳилманду Пактиё ин ҳама мушкил дорад. Вале намешавад барои он ки дар Ҳилманду Пактиё мардум мусиқиву рақсу телевизионро хуш надоранд, онҳоро саркӯб кунед. Ин як хос аст, ҳаққи демократии мардум аст. Мехоҳанд ҳамин тавр зиндагӣ кунанд. Вале намешавад ба хотири Ҳилманду Пактиё Бадахшонро мутаваққиф кунем. Барои ҳамин мо пешниҳод мекунем, ки як қонуни асосии федерол ба вуҷуд ояд. Манотиқе, ки мехоҳанд демокративу озодии занон бошад, ба пеш раванд. Он ҷойҳое ҳам, ки суннатҳои даступогир доранд, то мутаҳаввил бишаванд, аз қавонини маҳаллии худ истифода кунанд."

Зимнан, аз низоми федеролӣ дар Афғонистон ба шумули ҷаноби Пидром, раҳбари узбактабори ин кишвар - Абдурашид Дӯстум ва волии Балх - Ато Муҳаммади Нур низ пуштибонӣ мекунанд.

"НИЗОМИ ФЕДЕРОЛӢ ҒАЙРИИМКОН АСТ."

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ашраф Расулӣ, мушовири раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳарфҳо дар бораи
Муҳаммад Ашраф Расулӣ, мушовири раисҷумҳури Афғонистон

бетарафиву низоми федеролӣ ҳавоӣ ҳастанд: «Чӣ тур мешавад, ки мо аз берун биёем ва тасмим бигирем, ки Афғонистонро бетараф ё федерол созем ва бидуни он, ки дар Қонуни асосӣ тағйире биёрем? Қонуни асосиро Луи Ҷирга ба тасвиб расондааст, мо метавонем хилофи он коре бикунем?»

Коршиносон ҳамчунин терроризму экстремизм ва низоъи пинҳону ошкорои миллиро аз ҷумлаи мушкилоти аслии Афғонистон унвон мекунанд, ки сол ба сол дар ҷомиа жарфтар мешаванд.

"ҲУКУМАТ САБАБГОРИ ПЕШ ОМАДАНИ ВАЗЪИ КУНУНИСТ."

Аҳмад Валӣ Масъуд, сарвари Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон мегӯяд, мудирияти заъифи ҳукумати имрӯзи Афғонистон мӯҷиби пеш омадани ҳамчунин вазъ шудааст: «Чӣ мушкилотеро раҳбарияти имрӯзаи Афғонистон дар дохили кишвар ба миён наовардааст? Мушкили худи ҳукумат ва парлумони Афғонистонро намебинед? Магар эҷоди комиссияҳои ғайриқонуниро мешавад надид?
Аҳмад Валӣ Масъуд, сарвари Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон

Магар мушкили муфлисии «Кобулбонк», бӯҳрони иқтисодии кишварро намебинем, ки худи ҳукумат, масъулини давлат ва наздикони раҳбари кишвар ба вуҷуд овардаанд? Ин мушкилот аз ҷои дигар наомадааст. Мушкили ҳаминҳост. Ин, ки мушкили афғонии мо мушкили минтақаиву ҷаҳонӣ шудааст, маҳз ба сабаби ҳамин ҳукумати нобакор, фосид, мутақаллиб, ғайримашрӯъ ва дур аз мардум аст.»

Оқои Масъуд мушкили дигари Афғонистонро дахолати рӯирости Покистон унвон кард.

Дар посух намояндаи сафорати Покистон дар Душанбе гуфт, ҷониби Афғонистон ба ин гуна иттиҳомбандӣ ва даромӯзӣ бояд хотима диҳад ва худро ислоҳ намояд.