Обама хостори таҳқиқи "шабакаи ҳомии бин Лодин" шуд

Обама аз Покистон хостааст, дар мавриди шабакае, ки мумкин аст аз бин Лодин ҳимоят карда бошад, таҳқиқ кунад.
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, бо баёни ин ки Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” дар муддати ҳузури худ дар Покистон аз ҳимояти шабакае дар ин кишвар бархӯрдор будаааст, хостори таҳқиқи Исломобод дар ин бора шуд.

Раисҷумҳури Амрико дар як гуфтугӯи телевизионӣ дар ин бора чунин изҳори назар кард: “Мо ба ин боварем, ки шабакае дар Покистон вуҷуд дошта, ки аз Усома бин Лодин ҳимоят мекард.”

Барак Обама афзуд, “вале мо аз моҳияти ин шабакаи пуштибоникунанда ва ин ки киҳо шомили он буданд, чизе намедонем. Мо намедонем, ки оё афроде дар ҳукумати Покистон ё хориҷ аз ҳукумат дар ин шабака ҳузур доштаанд ё на.”

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин роҷеъ ба ин ки давлати ӯ дар мавриди ин шабака таҳқиқ хоҳад кард ё не, гуфтааст: “Муҳимтар он аст, ки ҳукумати Покистон бояд дар ин бора таҳқиқ анҷом диҳад.”

Нерӯҳои вижаи артиши Амрико бомдоди рӯзи дувуми майи соли ҷорӣ дар як амалиёт Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” ва тарроҳи ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябри соли 2001-ро дар минтақае дар наздикии як шаҳри низоминишин, дар атрофи Исломобод, ба қатл расонида ва ҷасади ӯро низ бо худ бурданд.

ДАР ИН ЗАМИНА: Эътирози "Ҷамоати исломӣ"-и Покистон аз кушта шудани Усома

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эътирози "Ҷамоати исломӣ" аз кушта шудани Усома