Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс бо номи “Роҳи бузурги абрешим”, ки аз 9-ум то 12-уми март дар шаҳри Боку баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои Мирзо Шамсиев, мураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 21-ум дар пойтахти Озарбойҷон баргузор мешавад, ба ғайр аз мизбонон зӯртарин муштзанҳои Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия ва Узбакистон ширкат меварзанд.
Тоҷикистонро се нафар – Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 56 кг ва Суннатулло Ҷабборов дар вазни то 81 кг намояндагӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро се нафар – Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 56 кг ва Суннатулло Ҷабборов дар вазни то 81 кг намояндагӣ хоҳанд кард.