Нақшаҳои бузурги молии Чин барои минтақа

Давлати Чин тасмим дорад дар бунёди Бонки тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Сармояи аввалия барои ташкили ин бонк 10 миллиард доллар аст.
Ду миллиард доллари дигари сармояи аввалияи бонк саҳми Русия ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хоҳад буд. Ба эътиқоди коршиносон, ин маънои онро дорад, ки дар тиҷорат дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон ҳарфи асосиро Чин хоҳад гуфт. Ҳамон тавре, ки дар бонки АвруОсиёии рушд саҳми Русия бештар аст ва нақши калидиро Русия мебозад.

Рақобати Чин ва Русия дар минтақа


Вале узвияти кишварҳои минтақа дар Иттиҳоди АвруОсиё нисбат ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой кам аст. Бо вуҷуди ин. бархе аз коршиносон нуфузи Чин дар ташкили Бонки тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро як навъ рақобат бо Русия дар минтақа медонанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси умури иқтисодӣ, бунёди Бонки тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро нақшаи геополитикии Чин номид. Ӯ гуфт: «Ҳадаф аз иҷрои ин нақша ба даст овардани тиҷорату бозор ва нақши калидӣ доштан дар вазъи иқтисодиву сиёсӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ба эътиқоди ман, Чин дар ин рақобат аз Русия пешдастӣ дорад».

Аммо Худойбердӣ Холиқназаров, таҳлилгари маркази пажӯҳишии стратегии дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мутмаин аст, ки дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Чину Русия ба якдигар рақобат надоранд ва барои нақши калидӣ доштану ҳарфи аввалро гуфтан талош намекунанд.

Ҷаноби Холиқназаров гуфт: «Дар масъалаи рақобат ва ё нақши аввалро бозидан дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Русия ва Чин бо эҳтиёт муносибат карда, бо ҳам маслиҳат мекунанд. Дар тӯли даҳ соли фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ман рақобати Чину Русияро эҳсос накардаам, вале ин рақобат дар равобити дуҷонибаи Чин ва Русия ба хубӣ эҳсос мешавад».

"Чин метавонад вазъи Тоҷикистонро дигар созад"

Ба эътиқоди Худойбердӣ Холиқназаров, 8 миллиард долларе, ки Чин дар Бонки тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ихтисос медиҳад, на барои ба даст овардани тиҷорату бозори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аст, балки барои иҷрои барномаҳои умдаи иқтисодӣ дар минтақа равона хоҳад шуд.

Ӯ афзуд: «Албатта савдои дутарафаи мо ба ҳудуди як милларду 750 миллион доллар расидааст. Вале ин дар ин дар муқоиса бо тиҷорате, ки Чин бо дигар кишварҳо дорад, қобили мулоҳиза ҳам нест. Тиҷорати Чин бо Ҷопон ва Амрико ҳудуди 400 миллиард доллар аст ва бозори мо, ки ҳоло кучак аст, барои чин муҳим нест».

Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ҳамчунин муқоиса дар ҳузури иқтисодии Чин дар Тоҷикистон ва Амрикову Ҷопон розӣ нест. Дар ҳоле, ки Чин сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Ӯ гуфт: «Муқоиса дар дохили бозори минтақа мавриди пазириш аст. Агар мо ҳаҷми захираҳои қарзии Чин дар Тоҷикистонро бигирем, Чин дар мавқеи аввал қарор дорад. Чин ба ин васила метавонад, вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистонро дигар созад. Ман ба ин боварам, ки бахши аъзами ҳамон 8 миллиард доллар саҳми Чин барои пажӯҳиши истихроҷи конҳои Тоҷикистон ва сохтмони неругоҳҳо ва роҳҳо масраф мешавад. Ман мутмаинам, ки пас аз фаъолияти Бонки тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой сохтмони роҳи Чину Тоҷикистон сармоягузорӣ мешавад ва тамоми иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон рӯ ба Чин меорад, на ба Русия».

Тарҳҳои Чин дар Тоҷикистон


Худойбердӣ Холиқназаров, таҳлилгари маркази пажӯҳишии стратегии дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон, масрафи ин 8 миллиард доллари Чин дар барномаҳои энержиро рад мекунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир чунин барномаи умдае дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ӯ афзуд: «Дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ба истилоҳ, клуби масоили энержӣ фаъол аст. Ҳадафи аслии ин клуб иҷрои барномаҳои энержист, ки як кишвар бо тавони худ онро иҷро карда наметавонад. Ин пулҳо масрафи иҷрои ҳамин пружаҳо хоҳад шуд. Мо то имрӯз чунин пружа надорем, ҷуз сохтмони Роғун, ки то ҳол сарнавишташ равшан нест».

Аммо ба иттилои вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Чин алоқаманди сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, аз қабили «Нуробод-1» ва «Нуробод-2» ва боз чанд нерӯгоҳи дигар дар Тоҷикистон аст. Ва ширкати "Тетис Петролиюм"-и канадаӣ, ки дар Тоҷикистон ба кашфу истихроҷи нафту газ машғул аст, тасмим дорад, Чинро ба ҳамкорӣ даъват кунад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми иҷрои барномаҳои энержӣ, аз ҷумла сохтмони хатҳои интиқоли дохилии барқ дар Тоҷикистон дар дасти Чин аст. Дар ҳоли ҳозир қарзи давлатии Чин ба Тоҷикистон ҳудуди миллиард доларро убур кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳудуди 90 дарсади колоҳои саноатӣ ва мавриди ниёзи мардум аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад ва бахше аз бозорҳои дохилиро тоҷирони чинӣ контрол мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Чин алоқаманди сохтани корхонаҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон нест, ҷуз сохтмони зербиноҳо, ки дар оянда имкон дорад, барои интиқоли маодин аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Чин истифода шавад.