Бар асари як бархурди мусаллаҳона бо қочоқчиён дар минтақаи Шӯробод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ ҳафтаи гузашта рух дода ва боиси кушта шудани теъдоде аз марзшиканон низ гардидааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарон мехостанд, ки марзро убур намоянд, вале ба муқовимати шадиди нерӯҳои марзбонии тоҷик дучор шуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бинобар зиёд будани шумораи қочоқчиёни мусаллаҳ, дар амалиёти мазкур аз чархболҳои низомӣ низ истифода шудааст.
Шӯробод - мушкилзотарин бахши марз бо Афғонистон
Минтақаи Шӯробод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводди мухаддир истифода мекунанд. Мавқеъи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст.
Ҷойи ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақте рух медиҳад.