Соли 2010: Ҳама кори мо -- нимкора!

Рӯйдодҳо ва натиҷаҳои соли 2010-ро ҳар кас аз зовияи худ ва ба таври худ мебинаду баҳо медиҳад. Дар барномаи "Чашмандоз" чанде аз ҳамсӯҳбатони мо 2010-ро "соли ғайриодии Тоҷикистон" номиданд ва барои чунин унвон далелҳои кофӣ низ пешниҳод карданд.
Ҳамчун вокуниш ба ин барнома ва матлаб, хонандае ин номаро ба мо фиристод, ки шояд арзиш дорад, дар гӯшаи "Блогистон" ҷой дода шавад ва дигарон агар назаре доранд, дар ҳошияи он бинависанд. Афсӯс, муаллиф номи хонаводагияшро нанавиштааст.

Абдуллоҳ аз Кӯлоб

Мо имрӯз, мутаассифона, як чизи муқадассе надорем, ки атрофи он муттаҳид шавем. Якдилии миллии моро маҳалчигиамон хӯрдааст. Дини поки исломро дар алоҳидагӣ, чи вазир ва чи нозир, ҳама эътироф дорем, вале аз изҳори ин диндориамон чи вазир бошему чи вакил, метарсем.

Агар дар рӯзи ид ё мусибате мо ҳама дар якҷо ҷамъ омада, бо ҳамроҳии вазирону вакилон, нотарсида, дуо хонем ё намоз гузорем Худованд моро муттаҳид месозад.

Мо мусибатамонро пинҳон медорем, барои чӣ, намедонам. Магар марги афсарони ҷавон дар Камароб моро дар мусибат муттаҳид намесохт, агар якҷоя бо намояндагони ҳукумат дар ҳаққи онҳо дар масҷидҳо дуо мекардем? Онҳоро васф мекардем барои ибрати ҷавонон. Мо дар забон мегӯем, ки дини ислом ҷузъи фарҳанги мост, вале фақат дар забон.

Оё драманависи ҷавоне нест, ки бо овози баланд гӯяд ислом ба терроризм иртиботе надорад? Дар асарҳои кинову театр аз дину мазҳаби мо пуштибонӣ намояд, Қуръонро васф намояд? Не, нест зеро мо фақат бо кинову театрамон муллову динамонро масхара менамоем. Як рӯҳияи динбадбиниро дар вуҷуди миллатамон ҷой кардаем. Ягон миллати дунё дину калисову куништу сенагогро танқид ва масхара намекунад ку.

Вой бар мо, ки ҳар мусибатеро ба дину ба мулло оварда мечаспонем. Вале дар мусибати хонадонамон боз муллоро мекобем, меорем аз вай барои рӯҳи падару модарамон дуо мехоҳем. Дар дил чизи дигару дар забону кирдор дигар.

Тавба, тавба зи тавбаҳое тавба,
Дар дил ҳаваси гуноҳу дар лаб тавба

Ҳама насиҳатгӯ ҳастем, вале насиҳатшунав надорем. Ҳама доноем, ҳама сиёсатмадорем, ҳама иқтисодро хуб медонем, ҳама сардорему сарвар.

Мулк сангистону мо бесангарем
Сар ба сар сардору мо бесарварем,
Пунба бар гӯшем мову сарварон
З-он, ки мо мардони пунбапарварем.

Хулоса, хама лоф мезанем. Лекин касеро эътироф намекунем, ки бояд деҳқон деҳқон бошаду шудгор кунад, мулло, мулло бошаду такрор кунад. Бо хондани Қуръони бо ҳарфи кириллӣ нашргашта ба маънии вай сарфаҳм намеравем. Агар ин хел мебуд, тафсирҳо лозим намебуданд, агар ин хел мебуд, донишҳои мазҳабӣ ҳам лозим набуданд, чунончи, имрӯзҳо бинед, ҳатто қонун мебарояд боз барои вайро истифода намудани он тафсири қонунро омода мекунанд.

Вой бар мо, ки сиёсатмадор ҳам, ки вазифааш нест аз дин гап мезанаду шарҳи Қуръон мекунад, деҳқон ҳам, журналистон бошанд имрӯзҳо Қуръонро нохонда, аз касе таълим нагирифта тафсир мекунанд. Вой бар мои ҳамакораи ҳама корамон нимкора.

Як зумра ҷавонони миллатамонро бо тамғаи «салафӣ»- ву «таблиғӣ» беш аз панҷсолӣ маҳбасӣ кардем, ки дар авлоди онҳо шояд дар даҳҳо хонадон мусибат овардем. Шояд ман ғалат кунам, вале онҳоро кӣ "салафӣ" эълон намуд? Барои таҳқиқ системаи тафтишот аз ҷойҳои дахлдор хулосаи мутахассисонро (экспертное заключение) дархост менамояд. Барои салафӣ ё таблиғӣ эълон доштан аз кӣ хулоса гирифта бошанд?

Шояд дар байни онҳо нафароне буданд, ки дар ин равияҳо набуданд. Ё шояд аз байни онҳо ҷавонеро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, бе ҷазо додан, мумкин буд, ба роҳи рост равон намудан. Магар муфаттиш донандаи хуби дини ислом ва равияҳои он аст, ки худаш хулоса мебарорад. Агар пурседаш, "ман медонам", мегӯяд. Бале мо ҳама чизро медонем, мо аз ҳама донотарем. Фақат вой бар мои ҳамадон, ки рӯзгорамон нобасомон аст.

Хулоса, ҳамин аст натиҷаи соли 2010 барои ман.