Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҷамъи шуморе аз зиёиён роҷеъ ба тарҳи «Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сӯҳбат мекард, аз коҳиши сатҳи тарбия ва афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон изҳори нигронӣ намуд.
Оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафта, баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
Ӯ ҳамчунин аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона изҳори нигаронӣ кард ва онро натиҷаи бемасъулиятии падару модарон унвон кардааст.
Оқои Раҳмон гуфтааст, дар солҳои охир дар Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи ноболиғон 4200 адад ҷиноят содир шудааст. Хусусан, гуфтааст ӯ, аз тарафи ноболиғон содир шудани 104 маврид ҷинояти одамкушӣ нигаронкунанда аст.
Ҳушдор аз "ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона"
Вай аз таъсири фазои берунаи иттилоотӣ ҳушдор дода, аз волидону расонаҳои миллӣ даъват кард, ки аз “вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона” пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро “заҳролуд” намоянд.
Ҷаноби Раҳмон дар идома шарҳ медиҳад, ки “сухан на фақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сарулибос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқодоти маънавӣ” меравад.
Президенти Тоҷикистон дар чанд моҳи охир ташаббуси бозгардонии ҷавонҳои тоҷикро аз мактабҳои кишварҳои Исломӣ ба роҳ монда то имрӯз бо талоши сафоратҳои ин кишвар дар Эрону Мисру Покистону Арабистони Саудӣ беш аз ҳазор муҳассили, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонуниро ба ватан баргардондааст.
Интиқод аз бемасъулиятии волидон
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, коста шудани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама аз бемасъулиятии падару модарон мебошад. Вай ба баланд бардоштани рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон аз ҷониби волидонашон таъкид мекунад.
Нуктаи наве дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки ӯ аз падару модарҳо даъват кардааст, ки ба хотири тарбияи фарзанди солеҳ ва бомаърифат ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омўзиши фарзандонашон сарф намоянд.
Вай дар ҷои дигаре мегӯяд, ки бархе волидон бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомўзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ барои боркашониву бозорнишинӣ ва дигар корҳо сафарбар мекунанд. Дар натиҷа, ин гуна кўдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд. Раҳбари Тоҷикистон меафзояд, падару модар вазифадоранд, ки дар ҳақи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ кунанд.
Таъкид ба зарурати қонуни нав
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, бо назардошти мушкилоти имрӯзаи атфоли тоҷик зарурате барои қабули қонуни вижа оид ба масъулияти волидон пеш омадааст. Аз нигоҳи президент, ин қонун бояд мутобиқ ба қонунҳо, суннату урфу одатҳои миллӣ таҳия шуда, барои рафъи як қатор мушкилот, аз ҷумла бо сабаби вуҷуди таассубу хурофот аз таҳсил дур мондани атфол, издивоҷи барвақтии духтарҳо, ки ба гуфтааш 234 ҳодиса ошкор шудааст, равона шавад.
Ӯ меафзояд, ки танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор бошанд.