Қалбҳои пур аз рози кӯдакони маълули тоҷик

Тибқи итилоъи расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор афроди имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд, ки аз ин шумор бештар аз 30 000 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Барои атфоли маълул дар кишвар мактаб - интернатҳои махсус амал мекунанд, аммо он фарогири ҳамаашон нест ва ҳамчунин бархе аз волидон ба муассисаи давлатӣ супурдани фарзандашонро барои худ муносиб намебинанд.

Аммо дар бисёри ҳолатҳо, ин волидон аз ӯҳдаи таъмин ва нигоҳубини дуруст ва сазовори кӯдакони худ, бинобар вазъи бади молии хонаводаҳояшон намебароянд. Ва ин ҳама сабаб ба он мегардад, ки садҳо нафар кӯдакони маълул дар миёни чаҳор девори хонаҳои худ, танҳо дур аз ҷомеъа, зиндагиашонро сипарӣ мекунанд.

Ва аз миёни онҳо ба кам андар кам ашхос имкони тағйири рӯзгорашон даст медиҳад. Ба мисли Раъно Хоҷаева, маълӯли гурӯҳи, аввал ки бо кӯмаки волидонаш тавонист аз деҳоти дурдаст ба пойтахт бикӯчад ва бо талошҳои зиёд шомили донишгоҳи аграрӣ бишаваду бо ҳамкории созмонҳои ҷамъиятӣ ҷойи кор пайдо кунад. Вай мегӯяд, бо иллати фалаҷи кӯдакона аз пойи равон маҳрум гашт ва баъд аз ҷарроҳӣ, акнун бо асобағал мустақилона роҳ меравад. Раъно мегӯяд, як соли пеш, худро дар ҷомеъа нолозим эҳсос мекард:



Раъно бо ду асобағал роҳ меравад ва дар донишгоҳи аграрӣ таҳсил мекунад. Азбаски дар Тоҷикистон қариб ҳамаи биноҳои маъмуриву истиқоматӣ барои маълулон мувофиқ нест ва барои ошёнаҳои боло баромадан на дар ҳамаҷо лифтҳо фаъоланд, Раъно дар ҳамаҷо мушкил эҳсос мекунад. Аммо ахиран бо дархости ӯ, садорати донишгоҳи аграрӣ иҷоза дод, ки дарсҳои гурӯҳе, ки дар он Раъно таҳсил мекунад, танҳо дар ошёнаи аввали бинои донишгоҳ баргузор гардад.

Раъно мегӯяд, ӯ зимни истифодаи нақлиёти мусофирбар, низ мушкил дорад. Зеро онҳо низ барои маълулон мусоид нестанд. Аз ин рӯ, аксаран ӯ бо ду асобағал пиёда роҳ меравад ва дар рӯзҳои яхбандӣ дар хона мемонад.

Чун сухан дар бораи нақлиёти мусофирбар рафт, таҷрибаи кишварҳои дигар дар ин самт пеши назарамон омад. Дар шаҳри Ню- Йорки Амрико биноҳо, дастшӯйҳо, истгоҳҳои метро, роҳравҳо, автобус ва умуман ҳамаи ҷойҳои ниёзи мардум бо назардошти имконоти ин ашхос сохта шудааст. Ҳатто дар меҳмонхонаҳо рақами утоқи ҳуҷра бо ҳарфҳои брайлӣ низ навишта шудааст. Автобусҳо ашхоси маълулро аз дари ақиб қабул мекунанд, чун зинапояи автобус метавонад, поин фарояд ва ба замин яксон шавад. Нафари маълул ба рӯйи фарш поин шуда бо аробачаш ё худаш мустақилона меистад ва он ба мисли лифт боло мебарояд ва бо фарши дохили автобус баробар мешавад. Нафари маълул метавонад ба осонӣ бе заҳмат вориди нақлиёт шавад. Барои ин кор ба ӯ бевосита ронанда кӯмак мекунад. Зеро ӯ бо дидани нафари маълул аз сари чанбари мошин мехезад ва ба назди дари охири автобус меояд. Ҳамин тавр ронанда муваззаф аст, ки ҳар як маълулро ба толори нақлиёт ворид кунад ва онҳоро бо ҳамон усул фарорад. Агар маълул бо асбоғал бошад, барои онҳо ҷойҳои махсуси нишаст аст, ки аз ҳама назар барояшон муносиб сохта шудааст.

Аммо дар ин замина Раъно аз таҷрибааш чунин қисса мекунад:



Раъно феълан аъзои фаъоли созмони атфоли маълулон «Некӣ» аст. Ӯ дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ барои ҳамтақдиронаш кӯмак мекунад. Тарона ҳам менависад ва таронаи аз ҳама дӯстдоштааш «Дили садпора» ном дорад, ки дар миёни атфоли маълул хеле маъруф будааст:



Раъно мехоҳад, ин таронаашро такмил диҳад ва дар он акнун хушиҳои зиндагиашро ҳам бигӯяд.

Наргиси 18 сола, ки низ аз пой равон маҳрум аст, 5 сол инҷониб аъзои бунёди "Некӣ" аст. Дар тӯли ин муддат, ӯ ҳунарҳои зиёдеро аз қабили ҷуроббофӣ, гулдӯзӣ, пухтани шириниҳо ва ҳамчунин аз мӯҳра кашидани гарданбандро омӯхтааст. Феълан Наргис дар ин бунёд ба дигар кӯдакон ҳунар меомӯзад ва бо ҳамин восита зиндагии худу хонаводаашро пеш мебарад:



Мусоҳиби дигари мо Маъруфи нуҳ сола аст. Ӯ аз модар норасид ба дунё меояд. Бо кӯшиши волидонаш, ки пайваста ӯро аз назорати духтур мегузарониданд, акнун метавонад ба по рост биистад. Аммо модари Маъруф мегӯяд, худаш кор намекунад ва шавҳараш омӯзгор аст ва бинобар шароити бади иқтисодӣ, наметавонанд ӯро сари вақт табобат кунанд. Бо мусоидати вазорати маориф, феълан Маъруф дар хонаашон дарс мехонад ва шеърҳои гуногунро аз худ кардааст ва модараш мегӯяд, ҳар боре, ки бо забони шикаста, ӯ шеъре ё оҳанге мехонад, онҳоро эҳсоси ғаму шодӣ фаро мегирад ва ашк гулӯгирашон мекунад:



Дар рӯзи ҷаҳонии маълулон бо Фаршед, овозхони навраси хушсадое, ки аз қувваи босира маҳрум аст, вохӯрдем. Маълум шуд, ки ӯ акнун на овозхонӣ, балки Қуръонхонӣ мекардааст. Фаршед ҳоло дар синфи нуҳи мактаби махсуси нобиноёни ноҳияи Ҳисор таҳсил мекунад. Бояд гуфт, ӯ бозёфти "Ояндасоз" аст ва 7 соли қабл ҳунари ӯро мо мушоҳида намуда, барояш аввалин имкони баромад дар саҳнаи калонро дар консерти "Ояндасоз" фароҳам оварда будем.

Азбаски ӯ дар синни гузариш қарор дорад, садояш таъғир ёфтааст. Ӯ навохтани асбобхои мусиқиро худаш омӯхта буд ва ҳоло мегӯяд, ҳарчанд онҳо дар куҷое аз кунҷи хонаашон гузошта шудаанд, дилаш мехоҳад, онҳоро берун барорад ва бо пок кардани чангашон, ба навохтан шурӯъ кунад.

Модари Фаршед дар сӯҳбат ба мо гуфт, дастгирӣ наёфтани Фаршед, чун як навраси боистеъдод ва аммо маълул, аз ҷониби бархе аз масъулин ва мутасаддиёни чорабиниҳои фарҳангӣ, онҳоро аз ин пеша дилсард карда, қарор додаанд, ки фарзандашон ба омӯзиши улуми динӣ машғул шавад ва дар оянда на сароянда, балки қории Куръон бигардад. Зеро ба назари модар, бо ин усул дар оянда Фаршед метавонад зиндагии худро таъмин намояд ва ҳам волидон яке аз вазифаҳои худро чун фарди мусалмон ба ҷо меоранд.

Фаршед танҳо нест, ки мегӯяд аз беадолатӣ дар ҷомеъа дилсард шудаву акнун истеъдоди худро маҷбур аст, дар худ нигоҳ дорад. Шодибек навраси дигари 15 сола низ мегӯяд бо вуҷуди он, ки садои хуб ва ҳунари сарояндагӣ дорад, аммо аз он ки маълул аст, дарҳои муваффақият феълан ба рӯяш пӯшидааст:



Бунёди «Некӣ» тайи 12 сол аст, ки фаъолият мекунад ва онҳо ба 103 тифли маълул барномаҳои мухталифи маърифатию иҷтимоӣ ва фарҳангиро роҳандозӣ мекунанд.

Дар роҳандозии барномаҳои гуногун барои кӯдакони маълул ба бунёди «Некӣ» созмонҳои байнулмиллалии мухталиф кӯмаки молӣ мекунанд. Рейчал Кук, масъули бахши робита бо ҷомеъаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, сафорат лоиҳаи ин созмонро, ки дар доираи он ҳамокории якҷояи ин бунёд бо кӯдакону волидон дар назар гирифта шудааст, маблағгузорӣ мекунанд:

«Ин барнома ба волидон кӯмак мекунад, ки чи гуна фарзандони худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ ворид кунанд ва ба корҳое ҷалб созанд, ки кӯдакони солим ба он машғуланд. Ба ин тартиб дар аёми тифлӣ, ин кӯдакон аз назарҳо дур нахоҳанд монд. Ҳамчунин ин лоиҳа ба волидон ҳуқуқҳои кӯдакони маълулро меомӯзад. Аллакай ин созмон корҳои зиёдро бо кӯдакони маълул ва оилаҳои онҳо ба сомон расонида ба волидон, роҳҳои зиндагӣ бо атфоли маълулро меомӯзонад. То ин, ки ин атфол дар оянда роҳи зиндагии минбаъдаашонро пайдо кунанд. Барои ин бунёди "Некӣ" аз ҷомеъаи байналмиллалӣ кӯмакҳои зиёди молӣ мегиранд. Зеро корашон хуб аст».