«Ҷаҳони варзиш»: аз Ҷоми раиси AFC то Ҷоми Тоҷикистон

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи ҷамъбасти мусобиқоти Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон ва мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷавоизи хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, иттилоъ медиҳем.
Дастаи «Яданарбон»-и Мянмар, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барои бори аввал барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гардид.

Тими мизбон - «Яданарбон», қаҳрамони Мянмар, дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Маркази тамринии ҷавонон»-и шаҳри Янгон бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бо дастаи «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, рақобат кард.

Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Ғолиб дар замони изофӣ муайян шуд. Голи дар нимаи севум, дар дақиқаи 98-ум задаи легионер Ласина Коне, аз Кот-д’Ивуар, тақдири бозиро ба фоидаи «Яданарбон» ҳал намуд.

Дастаи ғолиб бо Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Дастаи «Дордой», ки дар финал мағлуб гашт, бо 25 ҳазор доллар сарфароз гардид.

Вале дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони кунунии Тоҷикистон, дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё аз тими мизбон - «Яданарбон»-и Мянмар бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Голҳоро Ян Паинг дар дақиқаи 44-ум ва Аунг Кяв Мое дар дақиқаи 77-ум ба самар расонданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Вахш", аз он изҳори нигаронӣ кард, ки футболбозони тоҷик дар ин бозӣ аз имкониятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Ба андешаи сармураббӣ қаҳрамони футболи Тоҷикистон имсол бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудааст.

Ҳамин тариқ, дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки барои бори дуввум дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат кард, ноком гашт.

Инчунин дастаи МТТУ (Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия) низ дар бозии ниманиҳоӣ аз дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, аз Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва мукофотпулӣ бенасиб монд.

5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2010 баргузор мешавад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат хоҳад кард.

“Истиқлол” то финал бар тимҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода пирӯзӣ ба даст оварда буд. “Хуҷанд” бошад, пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои лигаи аввал – “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ва “Рангонгаз”-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб карда буд. Ва дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Уроз Турақулов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”.

Аз 3-юм то 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷавоизи хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, баргузор мешавад.

Раиси кумитаи тадорукоти ин мусобиқаи анъанавӣ Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бозиҳо дар майдони футболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо ширкати 8 даста доир мешаванд.

Барандаи Ҷоми хотираи Султон Мирзоев дар бозии ниҳоӣ 7-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Дар ин барнома, инчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.