Мумтоз хатмкардаи бахши забони чинии донишгоҳи тоҷикӣ - славянии кишвар буда, дар давоми таҳсил бо ба даст овардани бурси омӯзиши забони чинӣ, дар донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин як сол донишҳои забони чинии худро такмил медиҳад ва ба ватан бармегардад.
Дар давоми омӯзиши забони чинӣ, вай барои кӯдакон, китобчаи афсонаи «Ҷаноби Донгуо ва гург»-ро ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ тарҷума ва ба табъ мерасонад. Баъдан барои омӯзиши забони англисӣ ба Ҳиндустон сафар мекунад.
Ба як ҷавон чиҳил ҳунар кам аст
Тайи як сол, дар баробари андухтани забон ба омӯзиши усули муосири санъат, видеография ва фотогарфия, яъне наққоши аз тариқи аксу навор машғул мешавад:
«Дар маҷмӯъ ба ман таърихи фарҳанги ҳамаи мардуми ҷаҳон писанд аст. Худам расм намекашам, ба ин кор волидонам машғуланд. Аммо ман ба санъати муосир, фотография ва видеография таваҷҷӯҳ дорам. Ин намуди санъат дар Тоҷикистон ба наздики пайдо шуд, аммо дар кишварҳои дигар дар асри гузашта. Дар ин намуди санъат аз ҳама муҳим андеша аст. Барои мисол, видеография ин метавонад як навори хурди видеоӣ бошад, аммо на филми мустанад ва ё филми бадеъӣ, балки наворе, ки ғоя ва маънии хос дорад. Ман дар як намоишгоҳе, ки дар Австрия баргузор шуд, ширкат кардам. Мо супориш гирифтем, ки вижагии миллии худро ба воситаи видеография нишон диҳем. Ман ба ҷойи либос, парчами Тоҷикистонро ба танам печонидам ва бо ин парчам дар кӯчаҳои Вена қадам задам ва ин ҳама дар видео сабт шуд ва як навори се дақиқаина омода карданд, ки ин видео-арт ё наққоши таввасути видео аст. Айнан ҳамин корро мешавад дар аккосӣ кард. Шумо дар ин хел аксҳо маъниашро бевосита намефаҳмед, балки метавонед як чизи дигарро бубинед, ки дар он маънии дигар ишора шудааст».
Мумтоз дар бахши рассомӣ дар акс ва ороиш ба мувафақият даст ёфтааст. Вай дар мавзӯҳои баробарии ҷинсӣ, тағйири наслҳо, ақалиятҳои ҷинсӣ ва мавзӯҳои дигари иҷтимоӣ, овеза ва тақвимҳои деворӣ таҳия кардааст, ки дар аксари дафтарҳои кории созмонҳои байнулмилалӣ онҳоро метавон мушоҳида кард.
Омезиши видеография ва фотография бо намоиши саҳнаӣ, талаботи нави санъати муосир аст, мегӯяд Мумтоз, ки баъдан метавонад бо аксу навор низ инъикос шавад.
Барои рушди касбӣ дар ин соҳа ба Мумтоз донистани забонҳои хориҷӣ сахт кӯмак мекунад. Вай мегӯяд, ба фарқ аз аксари ҳамсолонаш, ки ба омӯзиши забон чун ба ихтисос назар мекунанд, забонҳоро барои такомули малакаҳои касбиаш истифода мекунад:
«Омӯзиши забон бароятон имкони беҳтари дарки соҳибони забон ва фарҳанги онҳоро медиҳад. Рассомон нафарони байнулмилалианд. Агар дар якҷо биистад, як намуд шахшавӣ ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат душмани истеъдод аст. Аммо вақте ӯ бо тамоми рассомони ҷаҳон дар гуфтугӯ ва мукотиба аст, рушд мекунад. Барои рассом аз ҳама муҳим бо ҳамкасбони хеш табодули таҷриба, кор ва андеша кардан аст».
Дар пайи такмили ҳунар ба Амрико
Мумтоз ҳанӯзам аз донишҳои худ розӣ нест ва таҳсилашро идома медиҳад. Чанд рӯз қабл дар пайи ба даст овардани ғолибият дар озмуни бурсҳои таҳсилии ҳукумати Амрико, соҳиби бурси ду солаи таҳсил дар риштаи омӯзиши санъат ва осорхонадорӣ гардида озими ин кишвар шуд. Мумтоз мегӯяд бовар дорад донишҳои дар Амрико андухтаашро метавонад дар пешрафти осорхонаҳои Тоҷикистон низ сарф кунад, зеро осорхонаҳои тоҷик ба таъғирот сахт ниёз доранд:
«Ягона осорхонае, ки каме рушд кардааст ин «Осорхонаи бостоншиносӣ» аст, ки онҳо бо созмонҳои байнулмиллалӣ дар ин самт ҳамкорӣ карда буданд. Аммо осорхонаҳои дигар кам рушд кардаанд ва фикр мекунам, бисёре аз экспонатҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд. Зеро дар онҷо рӯшноӣ ва ҳарорати дохили толорҳо дуруст таъмин нашуда, амнияти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ низ ба таври зарурӣ таъмин нест. Хуб мебуд, муттахасисони замони шӯравӣ таҳсил кардаро аз нав барои бозомӯзӣ, ба кишварҳои дигар фиристанд».
Мумтоз мегӯяд, новобаста аз он, ки имкони таҳсил дар кишварҳои мухталифи хориҷиро доштааст, бо ин вуҷуд зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи худро дар Тоҷикистон тассавур мекунад. Мегӯяд рушди ояндаи ин кишвар аз муттахасисони ботаҷриба ва хуб таҳсил карда сахт бастагӣ дорад.