Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, иттилоъ медиҳем.
Ҳашт дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтааст. Муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ Бразил - барандаи панҷкаратаи Ҷоми ҷаҳон, Олмон - қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, Аргентина ва Уругвай - қаҳрамонҳои дукаратаи ҷаҳон, Испониё – қаҳрамони кунунии Аврупо, Ҳолланд - собиқ қаҳрамони Аврупо, Парагвай - аввалин бор ба чунин комёбӣ ноил шудааст ва Гана - ягона дастаи африқоӣ, ки ба чаҳорякфинал баромадааст, маҳсуб мешаванд.
Ба ин тартиб дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи 2-юми июл Ҳолланд – Бразил (соати 19 бо вақти Душанбе) ва Уругвай – Гана (соати 23.30), 3-юми июл Аргентина - Олмон (соати 19.00) ва Парагвай – Испониё (соати 23.30) рақобат хоҳанд кард.
Бозиҳои ниманиҳоӣ бошанд, бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин рӯзҳои 6-уму 7-уми июл доир мешаванд. Дастаҳое, ки дар бозиҳои ниманиҳоӣ шикаст мехӯранд, рӯзи 10-уми июл бо ҳам барои дарёфти ҷои севум ва медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард.
Барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium, барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки таваҷҷӯҳи мухлисони футбол дар саросари ҷаҳон ба сӯи Африқои Ҷанубӣ равона шудааст, дар Тоҷикистон сабқати Лигаи олии кишвар ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик дар баробари ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон тавассути телевизион бозиҳои сабқати ҷаҳониро тамошо мекунанд ва ҳар кадом ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ менамояд. Дар ин бора бо Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари дастаи «Хайр» -и шаҳри Ваҳдат, ва Далер Раҷабов, бозигари дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе, ҳамсӯҳбат мешавем.
Дар Рӯзи олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз толори нави варзишии «Вастан» ба истифода дода шуд ва дар он мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» барпо гардид. Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи дзю-до дар ҷараёни ин мусобиқа бо гуштигирони наврас тамрини намунавӣ анҷом дод. Ва дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Расул Боқиев ба таваҷҷӯҳи шумнавандагон пешкаш мешавад.
Инчунин дар ноҳияи Дарвоз мо бо меҳмони мусобиқаи ҷумҳуриявии дзюдочиёни наврас Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон, ҳамсӯҳбат шудем, ки ба шунавандагони барнома пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.