Аксари харидорони яклухти ин бозор аз Қазоқистон будаанд ва ҳамакнун бо баста будани марз онҳо дигар ба ин бозор намеоянд ва соҳибкорони зиёде дарҳои дӯконҳои худро қулф заанд.
Гузаргоҳҳои марзӣ бо дастури ҳукумати Қазоқистон бештар аз як моҳ қабл рӯзи 7-уми апрел ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ баста шудаанд.
Дар ҳоле ки президенти Қазоқистон дар сӯҳбат бо раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Отунбоева ваъдаи боз кардани гузаргоҳҳоро додааст, намояндагони расмии Бишкек мегӯянд, то имрӯз марз бастааст.
Қазоқистон барои Қирғизистон роҳи аслии додугирифт бо кишварҳои Муштаракулманофеъ ва ҷаҳон маҳсуб мешавад ва бардавом баста шудани он мақомоти Бишкекро нигарон кардааст.
Видеои мазкур дарҳои бастаи дӯконҳои Дордой, яке аз бузургтарин бозорҳои Осиёи Марказиро нишон медиҳад, ки сабабаш ҳам боз набудани марз бо Қазоқистон мебошад.