Таҳририҳои гумонбар ба қасди тарконидани Роғун

Беш аз ду ҳафта аст, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Сония Ҳафизова пушти дари боздоштгоҳи муваққатии бахши амнияти шаҳри Душанбе истодааст ва наметавонад писараш Юсуфҷон Ҳафизовро, ки ба гумони узвият ба «Ҳизбуттаҳрир» боздошт шудааст, бубинад.
Иттиҳом ба қасди тарконидани Роғун

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Юсуфҷон Ҳафизов ва як ҳамроҳи дигари ӯ - Камолхон Салоҳиддинов 20-уми апрели ҳамин сол ба ҷурми ҳамкорӣ бо «Ҳизбуттаҳрир» дар Душанбе боздошт шуданд. Ба қавли Сония Ҳафизова, лаҳзае ки ин ду нафарро кормандони амниятӣ дар назди бозори Султони Кабир боздоштаанд, ба мардуме, ки ин лаҳзаро тамошо мекарданд, гуфтаанд, ки онҳо қасди таркондани Роғунро доштаанд.

Аммо Сония Ҳафизова пас аз шунидани ин хабар 21-уми апрел аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омадааст ва пас аз пурсуҷӯ аз мақомоти амниятӣ ниҳоят 3 май иттилоъ дарёфт кардааст, ки фарзандаш дар боздоштгоҳи Раёсати амнияти пойтахт аст.

Вай мегӯяд, ки фарзанаш ба ҳеҷ ваҷҳ қасди таркондан ва харобкориро надошт, вале узви «Ҳибуттаҳрир» аст. Ба қавли Сония Ҳафизова, то ҳол фарзандашро ба ӯ нишон надодаанд. Вай имрйз ба студияи радиои Озодӣ омад ва хост, ки як номаашро аз тариқи радио ба самъи президенти Тоҷикистон расонад.

Беиттилоии мақомоти амниятӣ

Барои рушанӣ андохтан ба ин масъала мо бо Дафтари робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тамос гирифтем, вале онҳо дар ин масъала изҳори беиттилой карданд.

То кунун мақомоти амниятии Тоҷикистон дар мавриди қасди таркондани сохтмони Роғун доштани ин ду узви «Ҳизбуттаҳрир» ба таври расмӣ иттилое пахш накардаанд.

Аммо ба дунболи боздошти Юсуфҷон Ҳафизов ва Камолхон Салоҳиддинов 24 май бахши «Ҳизбуттаҳрир» дар Тоҷикистон як баёния пахш намуда иттилоъ додааст, ки ду нафар узви фаъоли ин ҳизб дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони амниятӣ боздошт шудаанд.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки вакили мудофеъ ва наздикони боздоштшудаҳоро мақомоти амниятӣ барои мулоқот иҷозат намедиҳад.

Маҳбусони бе айбнома

Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ бояд пас аз 64 соати боздошт ҳатман муфаттиши ин афрод айбномаи боздоштшудаҳоро эълон кунад.

Вале модари Юсӯфҷон Ҳафизов мегӯяд, танҳо аз тариқи телефон як маротиба муфаттиш занг зад ва гуфтааст, ки фарзанди ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати амниятии шаҳри Душанбе ба сар мебарад ва метавонад барояш хӯрданӣ биёрад. Дигар ӯ муфаттишро надидааст.

Ҳамроҳи модари Юсуфҷон Ҳафизов бардараш низ буд. Вай мегӯяд, ки барои узвият дар «Ҳизбттаҳрир» 8 соли умри худро дар зиндони Тоҷикистон сипарӣ кардааст.

Барои боз ҳам мушаххас кардани ин мавзӯъ хостем бо вакили мудофеи онҳо сӯҳбат кунем, вале Сония Ҳафизова гуфт, ки пас аз навиштани як ариза адвокат ғайб зада, дигар ҳозир нашудааст.

Ин зани солхӯрда ҳоло барои фарзандаш танҳо хӯрданӣ мебарад. Вале барои мулоқот ҳануз иҷоза нагирифтааст.

Дар дасти ӯ як ариза бо имзои худаш ҳаст, ки ба президенти Тоҷикистон, Додситонии кулл ва Вазорати умури дохила барои раҳоии фарзандаш кумак хостааст. Қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир”-ро созмони иртиҷоӣ эътироф кард ва саҳифаи интернетии онро дар қаламрави ин кишвар қатъ кард.

Манобеи интизомии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ҳудуди 450 нафар аз шаҳрвандони кишвар бо иттиҳоми узвият дар ин созмон ва ё ҳамкорӣ бо он боздошт ва ба ҷазо кашида шудаанд.