Ҳафтаи гузашта дар аксҳо
Ин ҳафта бо таркишҳои даҳшатнок дар метрои Маскав оғоз гардид
Рӯзи 29-уми март ду ҷавонзани қафқозӣ худро дар метрои Маскав таркониданд
Ин таркишҳо ҷони 39 нафарро дар баробари маргталабон рабуданд, ки миёнашон се ҷавони тоҷик низ буд
Дар ҳамон рӯзи 29-уми март қазияи манъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия низ ҳал шуд
Дар 2-3 рӯзи набудаи парвозҳо садҳо нафар дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳайрон монда буданд
Иллаташ ҳам таъхир дар имзои кадом созишномае номида шуд
Дар Афғонистон гуфтушунидҳои қабилаҳо бо низомиёни амрикоӣ идома дорад
Тафтишоти афроди шубҳанок низ....
Ин толибро дар шимоли Афғонистон, дар вилояти Бағлон, рӯзи 30-уми март дастгир кардаанд
Якуми апрел дар Тоҷикистон рӯзи ханда набуд. Ду ҷасади қурбониёни таркиши Маскавро дар ин рӯз ба ватан оварданд
Дар ҳамин рӯзи якуми апрел сафари дабири кулли СММ ба Осиёи Марказӣ аз Ишқобод шурӯъ шуд
Дар рӯзи сафари ӯ ба Бишкек, як гурӯҳ журналитсону ҳомиёни ҳуқуқи башар дар рубаруи бинои намояндагии СММ ҷамъ омаданд
Онҳо талаб доштанд, ки чеҳраи аввали СММ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон низ расидагӣ кунад
Тазоҳургарон ваъда гирифтанд, ки бо дабири куллии СММ вохӯрӣ хоҳанд кард
Дар Тоҷикистон аз омадани Бан Кӣ Мун мардуми оддӣ кам парво дорад
Фикри муҳимтар дар сари ин мардум сарпаноҳе аз боду борон аст
Охири ин ҳафта қариб 50 хонаводаи як хобгоҳ бесарпаноҳ монданд
Ҳамакнун, ин тифлакон намедонанд, ки чанд шаб боз дар зери осмон хоб хоҳанд рафт...