Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2009-ро муайян кард.
Ба иттилоъи раиси ин Ассотсиатсия Нарзулло Латифов дар назархоҳӣ беш аз 60 хабарнигори соҳа ширкат карданд.
Бар асоси назархоҳӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоанд: Далер Сайфиддинов (Душанбе) – қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар вазни то 78 кг дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия , Набимуҳаммад Хоркашев (Қӯрғонтеппа)– барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар вазни то 100 кг дар Юнон ва қаҳрамони Осиё дар шаҳри Тошканд, Эраҷ Раҳимов (Душанбе)– қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ дар вазни то 52 кг дар Юнон, Дилшод Назаров (Душанбе) – қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин ва ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ дар Бразилия ва Туркия, Ҷаҳон Қурбонов (Хуҷанд) – ҷои панҷум дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар вазни то 91 кг дар шаҳри Милани Италия ва ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон, Акмал Қодиров (Истаравшан) – барандаи медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армрестлинг байни варзишгарони маъюб дар вазни беш аз 90 кг дар Италия ва қаҳрамони Осиё дар шаҳри Тошканд, Сабина Тағойназарова (Душанбе) – барандаи медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, Парвиз Собиров (Душанбе) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои III Осиёӣ дар иншооти сарпӯшида оид ба гуштии «кураш» дар вазни то 90 кг дар шаҳри Ханойи Вйетнам, Фаррух Амонатов (Маскав) – қаҳрамони Осиёи Марказӣ - ғолиби сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар шаҳри Тошканд, Хуршед Маҳмудов (шаҳри Турсунзода) – капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ, барандаи Ҷоми президенти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа.
Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ афзуд, дар назархоҳӣ хабарнигорони соҳа ҳамагӣ 34 варзишгарро, ки намояндагони 16 навъи варзишанд, номбар кардаанд.
Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.