"Штирлитс" дар синни 81-солагӣ фавтид

Вячеслав Тихонов, ҳунарманди маъруфи Русия, ки нақши Штирлитсро бозӣ кардааст, дар синни 81-солагӣ даргузашт.
Вай баъди чанд рӯзи гирифторӣ ба ҳамлаи қалбӣ дар шифохонае дар шаҳри Маскав фавтидааст.

Вячеслав Тихоновро нақши ӯ дар филми “Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор” маъруфи Иттиҳоди Шӯравии собиқ карда буд.