Ин ҳафта дар аксҳо: 14-20-уми ноябр

Дар Прага, пойтахти ҷумҳурии Чех, фурӯ афтидани девори оҳанини коммунизмро мутантан ҷашн гирифтанд.

Дар Белград патриарх Павел, раҳбари калисои православии Сербистон даргузашт.

Мардуми бесарпаноҳ аз ҷангу ҷидол дар Вазиристони ҷанубӣ дар назди дари созмонҳои ёридиҳанда навбат истодаанд.

Нобиноён дар Ереван гоалбол бозӣ мекунанд.

Бо чунин хандаи кӯдакон Кишинев бистумин солгарди Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ-ро қайд кард.

Кӯдакони Басра бошанд, барои чунин чорабиниҳо вақт надоранд.

Ҷавонони хунгарми Санкт-Петербург дар ҷустуҷуи эҳсосоти шадид аз бом ба бом меҷаҳанд.

Мардуме дар Приштинаи Косово аз пирӯзии номзадашон дар интихоботи шарҳдорӣ хушҳоланд.

Басиҷиёни Хузистони Эрон бошанд, дар тамрини ҷилавгирӣ аз чунин гирдиҳамоиҳои интихоботӣ ҳастанд. - Photo by Fars

Шоири шӯҳратёри тоҷик Бозор Собир ин ҳафта зодрӯз дошт. Гирдиҳамоиҳои интихоботӣ ӯро водор ба ғурбат кардаанд. - Bozor Sobir, the famous Tajik poet, 20Nov2009

Шабнами Сурайё ба сиёсат кор надорад. Ӯ ҳамроҳ бо Ҷонибеку Баҳром Ғафурӣ ин ҳафта дар Ню-Йорк ҷоизае гирифт.