Ин ҳафта дар аксҳо: 7-13-уми ноябр

Доминоҳои бузург барои такрори рамзии фурӯ афкандани Девори Берлин омода карда шудаанд.

Коммунистони Маскав солрӯзи Инқилоби Болшевикии соли 1917-ро қайд карданд.

Мадина омодаи қабули ҳоҷиёни имсола аст

Ин мард дар бозори Қазвин дар як рӯз ҳамин қадар пул кор кардааст

Сарфи назар аз нооромиҳо мардон дар Афғонистон бузкашӣ мекунанд...

...ва занҳо зери нури офтоб сӯҳбати гарм доранд.

Ин бонуи қирғиз бошад, аз гирифторӣ ба зукоми хук ҳарос дорад.

Ҳароси охирин тоҷики Гуантанамо Умар Абдуллоев аз бозгашт ба Ватанаш аст.

Барак Обама бошад, дар ҷараёни сафари худ аз кишварҳои Осиё аз абарқудрати имрӯз - Чин дидан хоҳад кард.