Барои ба ҳаёти солим баргардонидани духтарони хушунатдида ва танфурӯш тайи ду моҳ аст, ки дар шаҳри Душанбе як маркази вижае бо номи «Чароғи ҳидоят» фаъолият мебарад.
Ин марказ бар асоси лоиҳаи «Дастгирии духтарони хушунатдида» бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузории созмонҳои байнулмилаллӣ, аз ҷумла барномаи Бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони Бритониё, таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи масъулин, ин аввалин лоиҳаест, ки бевосита бо духтарони аз 10 то 18-солаи дар оила ва ҷомеа мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва ҷисмонӣ қарор гирифтаву қурбони қочоқчиён шудаанд, кор мебарад. Вижагии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки духтарони хиёбонӣ ва бе ҷои зист тайи 6 моҳ дар ин марказ шабонарӯзӣ нигоҳубин мешаванд.
Сайлӣ Косимова, раҳбари маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» мегӯяд, айни замон марказ барои беш аз бист нафар наврасону духтарони хиёбонӣ ва хушунатдида ҷои зист муайян кардааст. Аммо феълан танҳо 7 нафар духтарон ба таълиму табобат фаро гирифта шудаанд.
Вай меафзояд, «чор нафари ин духтарон дар мактабҳо ҷой карда шуданд ва таҳсилашонро давом медиҳанд. Сенафари дигар дар донишгоҳҳо мехонанд. Аз нигоҳи ман, онҳо аллакай офият гирифтаанд ва ҷиҳати равонӣ дар онҳо беҳбудӣ дида мешавад».
Ба гуфтаи хонум Сайлӣ, аксари ин духтарон, ки мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва хушунату қочоқ қарор гирифтаанд, ноболиғанд ва хату савод надоранд. Аз ин рӯ як ҳадафи аслии лоиҳаи дастгирии духтарон ҳам таълимӣ ва ба мактаб баргардонидани онҳо будааст. Ин гурӯҳи духтарон дар маркази мазкур бо машваратҳои ройгони тиббиву ҳуқуқӣ, таълим ва табобату барқарорсозии равонӣ таъмин мешаванд.
Ба гуфтаи масъулин, барои кор бо чунин духтарон, ки дар зиндагӣ осеби ҷиддӣ дидаву ба касе эътимод надоранд, мутахасисони ҳирфаиро омода кардаанд. Сайли Қосимова мегӯяд, аксаран духтароне бадоми миёнаравҳо ва ё ба кӯчаи танфурӯшӣ мераванд, ки аз оилаҳои носолиманд.
Вай меафзояд, «волидони аксари онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, ё падар дар ҳабсхона асту модар ба корҳои дигар машғул аст. Хулоса онҳо дур аз тарбия мондаанд ва ба ҳамин корҳои ношям рӯ овардаанд».
Лоиҳаи дастгирии духтарони хушунатдида тасмим дорад баъд аз 6 моҳи ҷалби духтарон ба таълиму табобат ва касбомӯзӣ онҳоро то як муддат ҳамчунин бо манзилҳои иҷора низ таъмин кунанд.
Зимнан бозгашт ба зиндагии хуби маъмулӣ орзӯи мусоҳиби 19-солаи мо Рухшона ҳам ҳаст, ки мегӯяд, набуди шароит ва камбизоатӣ ӯро аз синни 16-солагӣ вориди бозори танфурӯшӣ кард. Рухшона меафзояд, аз ин амалаш хеле пушаймон аст ва хеле худро бад ҳис мекунад, аммо дигар чорае надорад.
Вай мегӯяд, «зиндагӣ маҷбур кард, зеро барои мо духтарон дигар коре нест. Барои ҳамин фиреб хурдаву маҷбур шуда, ба ҳами роҳ рафтам. Бисёриҳо фиреб мекунанд, мезананд ва тарсонда маблағро намедиҳанд. Намедонам ба куҷо равам. Мехоҳам ягон кори хуб ёбам, ин корамро дигар кунам. Орзӯ дорам, шавҳар кунаму дар хона шинам».
Вале Фаридун, як навраси хиёбоние, ки бо ҳаёти духтарони оворагарду танфурӯш ҳам ошно аст, мегӯяд, аксари ин духтарон соҳиби падару модаранд, аммо аз рӯи ҳавову ҳавас ва ба хотири мисли дигар духтарон сару либосу зиндагии хуб доштан аз хонаводаҳои худ гурехтаву ба бозори танфурӯшӣ мебароянд.
Вай мегӯяд, «онҳо дар кӯчаҳо то соати нисфишаб ва баъзан то саҳар мегарданд. Онҳоро аз хона пеш накардаанд, онҳо кор кардан намехоҳанд ва аз падару модарашон гурехта ҳамин корро мекунанд».
Бояд гуфт, шумори духтарони оворагарду руспигар феълан дар кишвар дақиқ нест, аммо бар асоси пажӯҳишҳои байнулмилалӣ дар ду соли қабл шумори чунин духтарон ба 8 ҳазор нафар мерасид. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз 90 ҷинояте, ки дар 9 моҳи ахир аз сӯи занон содир шудааст, ҳудуди 80 ҳодисаи он марбут ба ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ё даллагӣ будааст.
Бозори ин гурӯҳи ин занону духтарон, ғолибан шабонгоҳ шурӯъ мешавад ва аксаран мизоҷони худро дар нуқтаҳои махсуси шаҳр, кӯчаву лаби дарё ва одатан дар марказҳои дилхушии шабона қабул мекунанд.
Ва аммо ба ҳар сурат коршиносон аз фаъолияти маркази дастгирии духтарони хушунатдидаву ба кӯи танфурӯши ҷалбшуда умеди зиёд доранд. Таҳлилгарон роҳҳои муфид ва муҳими пешгирии танфурӯшӣ миёни занону духтарони тоҷикро пеш аз ҳама ба ахлоқу тарбия ва таъмини онҳо бо ҷои кор вобаста медонанд.
Ба гуфтаи масъулин, ин аввалин лоиҳаест, ки бевосита бо духтарони аз 10 то 18-солаи дар оила ва ҷомеа мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва ҷисмонӣ қарор гирифтаву қурбони қочоқчиён шудаанд, кор мебарад. Вижагии лоиҳаи мазкур дар он аст, ки духтарони хиёбонӣ ва бе ҷои зист тайи 6 моҳ дар ин марказ шабонарӯзӣ нигоҳубин мешаванд.
Волидони аксари онҳо (духтарони танфурӯш) аз ҳам ҷудо шудаанд, ё падар дар ҳабсхонаву модар ба дигар корҳо машғул аст ...
Вай меафзояд, «чор нафари ин духтарон дар мактабҳо ҷой карда шуданд ва таҳсилашонро давом медиҳанд. Сенафари дигар дар донишгоҳҳо мехонанд. Аз нигоҳи ман, онҳо аллакай офият гирифтаанд ва ҷиҳати равонӣ дар онҳо беҳбудӣ дида мешавад».
Ба гуфтаи хонум Сайлӣ, аксари ин духтарон, ки мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва хушунату қочоқ қарор гирифтаанд, ноболиғанд ва хату савод надоранд. Аз ин рӯ як ҳадафи аслии лоиҳаи дастгирии духтарон ҳам таълимӣ ва ба мактаб баргардонидани онҳо будааст. Ин гурӯҳи духтарон дар маркази мазкур бо машваратҳои ройгони тиббиву ҳуқуқӣ, таълим ва табобату барқарорсозии равонӣ таъмин мешаванд.
Ба гуфтаи масъулин, барои кор бо чунин духтарон, ки дар зиндагӣ осеби ҷиддӣ дидаву ба касе эътимод надоранд, мутахасисони ҳирфаиро омода кардаанд. Сайли Қосимова мегӯяд, аксаран духтароне бадоми миёнаравҳо ва ё ба кӯчаи танфурӯшӣ мераванд, ки аз оилаҳои носолиманд.
Вай меафзояд, «волидони аксари онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, ё падар дар ҳабсхона асту модар ба корҳои дигар машғул аст. Хулоса онҳо дур аз тарбия мондаанд ва ба ҳамин корҳои ношям рӯ овардаанд».
Лоиҳаи дастгирии духтарони хушунатдида тасмим дорад баъд аз 6 моҳи ҷалби духтарон ба таълиму табобат ва касбомӯзӣ онҳоро то як муддат ҳамчунин бо манзилҳои иҷора низ таъмин кунанд.
Шумори духтарони руспигар дар кишвар дақиқ нест, аммо бар асоси пажӯҳишҳои байнулмилалӣ, шумори онҳо ба 8 ҳазор нафар мерасад ...