Ҷаҳон дар ҳафтаи гузашта дар аксҳо

Теҳрон, Эрон. Ҳаштуми апрели 2008 - Эрон аз Рӯзи миллии фанновариҳои ҳастаияш таҷлил кард.

Маскав, Русия. Нӯҳуми апрели 2008 - Президенти интихобшудаи Русия Дмитрий Медведев садри Созмони Милал Бан ги-Мунро ба Кремл марҳабо мегӯяд.

Маскав, Русия. Даҳуми апрели 2008 - Шаҳрвандони оддии Русия 13-умин солгарди қатли оми тақрибан сад чеченро дар деҳаи Самашкӣ ба ёд оварданд.

Сан-Франсиско, Калифорния, ИМА. Ҳаштуми апрели 2008 - Дар Амрико ҳам эътироз мекунанд. Барои озодии Тибет ва бар зидди машъали олимпӣ, ки нӯҳуми май меҳмони Сан-Франсиско хоҳад шуд.

Ню-Деҳлӣ, Ҳинд. Даҳуми апрели 2008 - Аммо сарвазири ғариби Тибет Самдонг Ринпоч эълон кард, ки аз эътирозҳо зидди машъали олимпӣ ҷонибдорӣ намекунад. Машъали олимпӣ рӯзи 17 апрел меҳмони Ню-Деҳлӣ мешавад.

Шимоли Ҳиндустон. Ҳаштуми апрели 2008 - Духтарчаеро, ки дар деҳае дар шимоли Ҳиндустон бо ду чеҳра зода шудааст, Лалӣ ном гузоштанд ва ӯро таваллуди дубораи як олиҳаи ҳинд шуморида, парастиш мекардаанд.

Белҳрад, Белорус. Ҳафтуми апрели 2008 - Таркиш дар корхонаи дорусозӣ хушбахтона бидуни талафот буд.

Қандаҳор, Афғонистон. Даҳуми апрели 2008 - Аммо таркишҳои Афғонистон талафоти зиёд бар дунбол доранд. Ба мисли таркиши Қандаҳор дар 10 апрел, ки 8 нафарро кушт ва 22 нафарро маҷрӯҳ кард.

Қазон, Тотористон, Русия. Даҳуми апрел - Қазон бо баргузории намоишгоҳи байнулмилалии саноати туримз сайёҳонро ба Тотористон мехонад.