Ҷаҳон дар ҳафтае, ки гузашт

Брюссел, Белгия. 13 март - Н. Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса, ки бо сарвазири Испониё гарм вохӯрӣ дорад, муаллифи идеяи таъсиси Иттиҳоди нави ҳавзаи баҳри Миёназамин мебошад. Тарҳи ин Иттиҳод дар саммити ИА дар Бруссел пазиурфта шуд.

Ласа, Тибет. 14 март - Нооромиҳо дар Тибет дар ин ҳафта чанд кушта ҳам бар ҷой гузошт.

Дакар, Сенегал, 13 март - Ҳамсояҳо, раисҷумҳурони Тоҷикистону Афғонистон дар нишасти кишварҳои узви Конфронси исломӣ аз ҳамдигар дур набуданд.

Дакар, Сенегал 12 март - Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Дакар ҳамтои сенеголияш Абдулло Вейд пешвоз гирифт.

Теҳрон, Эрон 14 март - Эрон охири ҳафтаи гузашта порлумони ҷадид интихоб кард.

Бомиён, Афғонистон. 12 март - Мардуми афғон аз филми коргардони ҳолландӣ дар мавриди Ислом эътироз карданд.

Қандаҳор, Афғонистон. 12 март - Ва ҳамон рӯз ҳамлаи маргталабона ба корвони сарбозони конодоӣ як афғони кушта натиҷа дод