Ҷаҳон дар аксҳо
Теҳрон, Эрон. Шашуми март - Эрон ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мебинад. Ба порлуомне, ки тибқи навиштаи ин акс "мушкилиҳои мардумро ҳал мекунад".
Шероз, Эрон. Панҷуми март - ... ва дар ҳамин рӯзҳо донишҷӯёни Донишгоҳи Шероз ба намоиши эътирозӣ баромадаанд.
Ҳирот, Афғонистон. Шашуми март - Сарфи назар аз талошҳои ҳукумати Афғонистон дар роҳи нобудсозии маводи мухаддир, СММ гуфтааст, интизор меравад, истеҳсоли он дар ин кишвар боз афзоиш ёбад.
Бангкок, Таиланд, Шашуми март - Аз шаҳрванди русия Виктор Бут, ки дар Таиланд боздошт шуд, "шоҳи силоҳфурӯшон" ном бурда мешавад.
Ереван, Арманистон. ЧАҳоруми март - Пас аз беназмиҳо дар пойтахти Арманистон, дар ин кишвар барои бист рӯз вазъи фавқулода эълон шуд.
Тошканд, Узбакистон. Шашуми март - Иттиҳоди ҳуқуқи башари Узбакистон рубаруи дафтари Додситонии кулли ин кишвар ҳамоиш баргузор кард.
Кобул, Афғонистон. Шашуми март - Профессор Сиддиқ Афғон ба нишони эътироз аз нашри карикатураҳо ба паёмбари Ислом Муҳаммад (с) гуруснанишинӣ эълон кард.
Кобул, Афғонистон. Панҷуми март - Занҳои афғон зиндагии сангин доранд. Ҳар сол тақрибан 24.000 зани афғон танҳо ҳини ба дунё овардани тифл мемиранд.
Сармоядори амрикоӣ Уоррен Баффет сарватмандтаин шахси рӯи Замин шинохта шуд.
Байтулмуқаддас, Ҳафтуми март - Ҳашт донишҷӯи яҳудӣ дар мактаби динӣ аз тири як ҷавони фаластинӣ кушта шуданд. Нӯҳ нафари дигар захм бардоштанд.